Беҳтарин ҳосиле, ки инсон тӯли ҳаёташ ба даст меоварад, маҳсули дастонаш аст, зеро ҳеҷ гоҳ ҳунар арзиши худро гум намекунад ва ҳунарманд дар нимароҳ намемонад.
Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.
Аввалан манбаи даромади оила аз ҳунар ва истеъдоди хонаводагӣ маншаъ гирифта, манфиатҳои он ба ҷомеа ба ҳисоб мерасад. Метавонд гуфт, ки ҳунари ҳар фарди ҷомеа ин боигарии давлат мебошад. Бинобар ин, чӣ қадаре ки афроди ҷомеа ҳунарманд бошанд, ҳамон қадар иқтидори давлат меафзояд.
Хушбахтона, ба хотири дастгирии ҳунармандон ва эҳё намудани ҳунарҳои миллиамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2020-ро ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Ин иқдом, пеш аз ҳама бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки хусусияти пешгирии воридшавии маҳсулоти хороҷӣ ва пешгирии таъсиррасонӣ ба фарҳанги миллиро дорад, роҳандозӣ гардидааст.
Имрӯзҳо сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, либоси миллии моро дида, кунҷкобиашон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ ва ҳунарҳои миллии мо зиёд мешаванд. Ҳатман аз ин ҳунарҳои қадимаи мо ба худ ёдгорие ба кишвари хеш бурдан мехоҳанд. Аз ин рӯ, моро низ мебояд ба ҳунарҳои милли қадимии гузаштагонамон арҷ гузорем ва онҳоро ба ҷавонону духтарон омӯзонем.
Дар воқеъ, барои ҷавонон пос доштани тамоми арзишҳои моддӣ, маънавӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бояд вазифаи аввалиндараҷа бошад, зеро миллатҳоро ҷаҳониён бо доштани фарҳанги бою ғанӣ эътироф менамоянд.
Маҳҷабин ҲУСАЙНЗОДА,
донишҷӯи соли 3-юми
факултаи филологияи рус