Карбоҳидратҳо дар табиат хеле фаровон мебошанд. Онҳо дар табдилоти биологие, ки дар организмҳои зинда мегузаранд, роли муҳимро мебозанд. Ба онҳо қанди ангур ё ин ки глюкоза, қанди лаблабу, найшакар ё ин ки сахароза, инчунин крахмал ва селлюлоза дохил мешаванд. Истилоҳи «карбоҳидрат»-ро бори аввал олими эстониягӣ К.Шмидт пешниҳод карда буд ва ин ба он асос ёфта буд, ки таркиби қисми зиёди пайвастҳои ин синф аз атомҳои карбон ва молекулахои об иборат буда, бо формулаи умумии Сn(H2O)m ифода меёбад.
Вале тадқиқотҳои минбаъдаи карбоҳидратҳо нишон доданд, ки чунин номгузорӣ на ҳама вақт дуруст мебошад. Карбоҳидратҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: моносахарид (гюкоза — С6Н12О6, фруктоза- С6Н12О6), дисахарид (сахароза С12Н22О11, малтоза С12Н22О11 ва лактоза С12Н22О11) ва полисахарид (селлюлоза -(С6Н12О5)n, оҳар ва гликоген). Моддаҳое, ки аз ду молекулаи моносахарид иборат буда, ба воситаи банди гликозидӣ пайваст мебошанд дисахаридҳо номида мешаванд.
Гурӯҳи оддитарини карбогидратҳо монозҳо гидролиз намешаванд. Формулаи умумии моносахаридҳо Сn(Н2О)m буда, маънояш «карбону об» мебошад. Аз ҳама муҳими онҳо пентоза С5Н10О5 ва гексоза С6Н12О6 аст.
Аз моносахаридҳо, бештар глюкоза ва фруктоза дар табиат паҳн гаштаанд. Онҳо ба гексозаҳо мансуб буда, глюкоза ба алдоза ва фруктоза бошад, ба кетоза шабоҳат доранд. Карбоҳидратҳо гарчанде формулаи умумии ба ҳам монанд тамъи ширин дошта бошанд ҳам, аммо бо сохти структура, таркиб, хосиятҳои физикию химиявиашон аз ҳамдигар фарқ доранд. Масалан: фруктоза аз сахароза (қанд) тақрибан 2 маротиба, аз глюкоза 3 маротиба ширинтар аст. Глюкоза бошад, шириниаш аз қанди лаблабу камтар мебошад. Меваҷот ва асал манбаи асосии фруктозаю глюкозаанд. Асал 25 – 37% глюкоза ва 39 – 40% фруктоза дорад. Малтоза (қанди суманак) дар ғаллаи нав нешзадаистода (агар гандум бошад, дар даври аввали сабзиши суманак) мавҷуд аст. Лактоза ба миқдори зиёд дар таркиби шир вуҷуд дорад: дар шири модар қариб 5,5 – 8,4%, дар шири гов 4 – 5%. Найшакар 14-26%, лаблабуи қанд 16-20% сахароза вуҷуд дорад. Дар байни полисахаридҳои гуногун муҳимтаринашон селлюлоза, оҳар ва гликоген мебошанд. Полисахаридҳо ду вазифа – сохторӣ ва ғизоиро иҷро мекунанд. Селлюлоза ҷузъи асосии бофтаҳои растанӣ буда, асосан дар девораи ҳуҷайраҳо мавҷуд аст. Пахта ва зағир 90 – 99%, чӯб то 45% селлюлоза доранд. Оҳар (крахмал) бошад ба миқдори зиёд дар карташока, дони растаниҳои хӯшадор, меваҳо ва ғайра вуҷуд дорад. Лундаҳои картошка тақрибан 20%, донаҳои гандум ва ҷуворимакка тақрибан 70%, биринҷ 80% крахмал доранд.
Фруктоза қандест, ки ҳангоми меҳнати фикрӣ ва дар синни наврасию солхӯрдагӣ истеъмол кардани он муҳим аст. Фруктозаро дар сурати мубодилаи равғану холестерин, ҳамчунин беморони гирифтори атеросклероз ба ҷои қанд истеъмол мекунанд. Лактоза карбоҳидрати асосии шири модар буда, чун қисми таркибии ғизои кӯдак аҳамияти калон дорад. Онҳо ба фаъолияти микрофлораи рӯда таъсири хуб мерасонанд.
Ҳусниддин ҲУСАЙНОВ,
донишҷӯи соли 5-уми факултаи
химия, биология ва география