Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

by admin
642 views

Паёми навбатии Президенти мамлакат, ки 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, дастур ва ҳидоятҳое, ки дар он садо доданд, бояд ба шиор ва раҳнамои фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор мубадал гардад.

Доираи масъалаҳои дар Паём ироашуда, қабл аз ҳама ба тамоми муассисаҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олии таълимӣ иртибот доранд ва бояд раҳнамои фаъолияти омӯзгорон бошанд. Таъкид гардид, ки барои расидан ба қадри дастгириҳои давлат ба мутахасисони соҳаи маориф лозим аст, ки дониши васеъ ва сатҳи баланди касбиашонро такмил дода, қобилияти эҷодии хонандагону донишҷуёнро оид ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тақвият бахшанд.

Президенти кишвар ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосмандро давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат пиндошта, дар замони ҷаҳоншавӣ аз онҳо мусаллаҳ будан бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб карданд.

Дастгириву ғамхории Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи самаранокии сифати таълим аҳамияти бештаре диҳанд. Лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сифати дониши аҳолӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷию фанҳои табиӣ-риёзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшаш ба харҷ диҳанд.

Дарвоқеъ, пешниҳоди «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои рушду нумӯи ояндаи мамлакатамон моҳияти калидӣ дошта, таваҷҷуҳи на танҳо олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ ва риёзиро ба худ ҷалб намуд, балки ин иқдом минбаъд барои пешрафти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва саноатикунонии босуръат заминаи бузурге гузошта метавонад. 

Раҳматулло БОЗОРОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултаи молиявию иқтисодӣ

 

 

Related Articles

Leave a Comment