Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ БА ПИРӢ ХИЗМАТИ МОДАР ПАДАР КУН!

БА ПИРӢ ХИЗМАТИ МОДАР ПАДАР КУН!

by admin
16579 views

Марде хонадор мешаваду бо мурури замон соҳиби се фарзанд: Сумая, Диловар ва Аюб. Ин мард дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард. Вай фарзандонашро бениҳоят дӯст медошт ва ҳар чизе, ки мехостанд, ба онҳо муҳайё менамуд. Рӯзе Сумая аз падараш маблағ барои харидани куртаи нав, Диловар барои харидани асбоби мусиқӣ ва Аюб бошад, барои дучарха талаб карданд. Падар хоҳишҳои фарзандонашро иҷро намуд.

Бо гузашти замон фарзандон калон шуданду аз паи давом додани таҳсил шуданд. Аз сабабе, ки талабгорҳои Сумая бисёр буданд, падар ӯро ба шавҳар дод. Диловар ба зироаткорӣ машғул шуд. Падар Аюбро, ки ҳамаи умедаш буд, барои идомаи таҳсил ба хориҷа фиристод, то илм омӯзаду дар пирии падару модар асои дасти онҳо шавад.

Баъд аз муддате аз хориҷа Аюб ба падар занг зада мегӯяд:

— Фардо бояд маблағи шартномаро супорам, охирин муҳлат будааст, маблағро равон мекардед. Падар, ҳамаи дӯстонам либосҳои зебову шинам харида пӯшидаанд. Барои либос хариданам каме дигар пул равон мекардед, як ба бозор рафта, сару либос мехаридам.

Падар «майлаш», гӯён ба Аюб пули гуфтаашро равон мекунад. Дар тӯли солҳои таҳсил кардан Аюб кор намекард, ҳарчанд ҳамсабақонаш ҳам таҳсил мекарданду ҳам кор мекарданд. Вай ҳамеша аз падар маблағ барои таҳсил талаб мекард. Баъди хатм намудани таҳсил Аюб ба ватан баргашт. Аз сабабе, ки падар коргари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, аллакай ба нафақа баромада буд. Падар ҳамаи дороиашро барои хонадор кардани Аюб сарф намуд. Баъд аз маросими тӯй Аюб ба шаҳр рафта, кори муносибе пайдо намуд ва баъд аз муддате ҳамсарашро низ ба шаҳр бурд. Диловар бо падару модар дар деҳа монд.

Дар яке аз рӯзҳо падар ба Аюб занг зада, аз писараш каме маблағ барои таъмир кардани боми хона талаб менамояд. Аюб ба падар мегӯяд, ки айни ҳол корҳоям хуб нест, фардо тӯйи суннатии набераатонро бояд баргузор намоям, гӯён ҷавоб дод.

Баъд аз якчанд рӯз, падар боз ба Аюб занг мезанад. Аюб ба падар салом гуфта, «Тезтар гап занед, вақтам кам аст» мегӯяд. Падар мегӯяд, ки орд ва маводи хӯрокаворӣ кам боқӣ мондааст. Аюб ба падар мегӯяд, ки ба наздикӣ бозорӣ карда дода будам-ку, ягон кор карда истед, баъдан харид мекунам.

Модари Аюб аз ҳамсараш хоҳиш менамояд, ки ба писараш занг занад. Падари Аюб бо дили нохоҳам ба писараш занг мезанад ва мегӯяд, ки модарат нок хӯрдан мехоҳад. Медонӣ муддатест, ки ман бетобам, аз ин рӯ ба берун баромада наметавонам. Аюб мегӯяд, ки дар зимистон чӣ қадар нарх дорад, нок медонед? Худам базӯр рӯзгорамро пеш бурда истодаам. Дар ин вақт модар гӯширо гирифта, писарам табиб дорухат навишта дод ва гуфт, ки агар табобат накунам намешудааст.

Падар ба Аюб баъди як моҳ занг мезанад. Аюб ба падармегӯяд, ки чӣ гап, боз маблағ лозим шудааст чӣ? Падараш «не, як омада мерафтӣ» гуфт. Аюб: барои чӣ? Падар мегӯяд: «Ба ҷанозаи модарат!»

Муборак ЁРМАДОВА,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment