Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАМУНА БАРОИ ДИГАРОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАМУНА БАРОИ ДИГАРОН

by admin
289 views

Воқеан ҳам ба номи худ сазовор аст, ӯ асосгузораст, ӯ пешво аст. На ҳар кас ба ин ном сазовор шуда метавонад. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

То мард ба мисли лаъл дилхун нашавад,

Дар мулки вафо қиматаш афзун нашавад. Бедил

Барқарор гардонидани сулҳи Тоҷикистон, ташкили давлати мустақили миллӣ корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳиммат он ҷо, ки бастааст камар,

                                                      Мӯр бар шер бурдааст зафар.

                                                     Кӯшиши мард агар қадам сояд,

                                                    Осмон бо замин ба ҳам ояд.         Бедил

Ӯ мардест бо қалби саршор аз самимияту меҳру вафо ва садоқат ба ватан, дар роҳи ишқи ватан ҷонашро дареғ надошта, бо идораи қавӣ ба ин роҳ устуворона қадам ниҳод. Ватанро мо бояд мисли Пешвои миллат дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем. Байти шоири бузурги миллат Лоиқ Шералӣ ба кору амали Пешвои миллат мувофиқ аст.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Фарзонаи МУЗАФАР,

донишҷӯи соли 1–уми

факултаи филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment