Home АНДЕША МАКУШ МӮРЕ БА РӮЗЕ КУШТА ГАРДӢ…

МАКУШ МӮРЕ БА РӮЗЕ КУШТА ГАРДӢ…

by admin
84 views

Бобохон ҶӮРАЕВ, саромӯзгори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Боис ба қаноатмандист, ки байни мазҳабҳо ва мусулмонони мамлакатҳои гуногун рӯз аз рӯз робитаҳои гуногуни судманд густариш меёбад. Рафтуомад, алоқаҳои тарафайн ва муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳои исломӣ торафт авҷ мегирад, ки ин зарурати замони муосир аст. Баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки онҳо ба зуҳури ихтилофоти фикрӣ ва ақидагӣ боис мешаванд. Ҳар як фардро зарур аст, ки тавассути ақлу дониш ва хиради солим амал намуда, мӯйро аз хамир ҷудо карда тавонад. Дар шоҳрҳи зиндагӣ, ки пур аз шебу фарозҳост, қадами устувор гузошта, монеаҳои сунъии барпонамудаи ноҷавонмардони дохилӣ ва хоҷаҳои хориҷиро тавассути донишу ақли расо пушти сар гузорад.

Баъзе ҷавонони камхираду аз донишу фарҳанг дурмонда ба доми ифритиён афтода, ба ҳаракатҳои ифротгароию моҷароҷӯӣ шомил гардида, ҷони худу ҳазорони дигарро зери хатар мегузоранд. Ба пиндори мо, чунин ашхос на танҳо таълим нагирифтаву тарбия надидаанд, балки аз Худои худ бехабаранд.

Миллати бохираду дурандеши мо чӣ ва кӣ будани дасисаю дасисабозон, миёнаравҳои хориҷию ҷаҳди ҷонҳавлонаи мансабпарастонро ҳанӯз дар солҳои 90-уми қарни гузашта бо чашми сар дида буданд, мақсади «падар»-у «модарон»-и миллат, чӣ будани низову даргириҳои қавмӣ, гурӯҳи ва динӣ – мазҳабиро хуб дарк карда, то имрӯз аз он шаҳди чашида ранҷ бурда истодаанд. Шукри беҳад, ки ақлу хиради волои мардуми мо ғолиб омад, хусусан, тавассути ҷаҳду талошҳои Сарвари мамлакатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзаминамон роҳандозӣ ва амалан корбаст гардид. Аз ҳамин низову даргириҳои қавмӣ, гурӯҳи ва динӣ–мазҳабӣ, ки қариб буд Тоҷикистони азизи моро ба коми аҳримании худ фурӯ барад, хулоса бароварда, дар интихоби роҳи росту дуруст хато накунем, фирефтаи суханони шаҳдомезу дар асл заҳрогини онҳо нашавем. Дурӯғ, хиёнат, дасисабозию дурӯягӣ яке аз воситаҳои сиёсатбозиҳост, ки ҳамқадами ҳаёти рӯзмарраи инсонҳост. Хиёнаткорону дурӯғгӯён ва ғуломони ҳавою ҳавас, хушомадгӯёни хоҷаҳои хориҷ пайрави маъбуди худ-Шайтон мебошанд. Ана ҳамин тоифаҳо ба доми шайтонҳои одамсурат, ки дар либоси дину мазҳаб даромада, мардумони камсаводу аз дину имон бехабарро бо рафтору амалҳои маккорона ва дурӯғу найраг ба доми гумроҳӣ меафтонанд, афтида, хиёнаткори Ватану миллати хеш мегарданд.

Айни замон террористону экстремистони ифритсурат ҷавонони сустирода, гаправ, камсаводу кам тарбиядидаро ба майдони набарди ноҳақ раҳнамун сохта, худ дар сари дастархони пурнозу неъмат нишаста, аз содагии онҳо лаззат мебаранд. Лаззат аз он мебаранд, ки дар ҷаҳон ҷавонони сода кам нестанд ва фирефтаи ваъдаҳои осмонбӯси онҳо гардида, ба ватану модари худ хиёнат мекунанд, ашки модарон мерезанд, синаи тифлон медаранд, ҷони падарон мегиранд, билохира, подоши «заҳмат»-и худ-шаҳди маргро пеш аз муҳлат мечашанд.

Ин тоифа зархаридони гумроҳи хоҷаҳои хориҷ бо уммеди дар оянда соҳиби «зиндагии шоҳона» шудан даст ба куштору ғорат мезананд. Оё онҳо боре андешидаанд, ки аз рехтани хуни ноҳақ ҳатто Худованд розӣ нест. Ноҳақ куштани инсон яке аз гуноҳҳои кабира аст. Аллоҳ таъоло дар сураи Нисо-93 мефармояд: «Ва касе, ки мекушад муъминро қасдан, пас ҷазои ӯ ҷаҳаннами ҷовидон аст ва ғазаб кардааст, Аллоҳ лаънат кардааст ӯро ва омода кардааст барои ӯ азоби бузургро». Ва Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва салам) гуфтаанд: «Парҳез кунед аз ҳафт ҳалоккунанда… ва зикр карданд хуни ноҳақ рехтанро». (Бухорӣ ва Муслим).

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст: «Аз назди Паёмбар (с) харе гузашт, ки дар бадани ӯ бо оташ нишонае (соҳиби ҳайвон бо оҳани тафсондашуда ба ягон ҷои бадани он нишона мемонд ва он исботи моли ӯ будан аст), буд. Паёмбар (с) гуфт: Лаънати Худо бар касе, ки ин корро кардааст».

Модоме ки Паёмбар (с) дар бадани ҳайвоне гузоштани нишонаро ба ҷони онҳо ҷабр дониста, ба нишонагузор лаънати Худовандро раво дида бошад, пас, ба онҳое, ки хуни ноҳақ мерезанд, чӣ қадар лаънатҳо интизор бошад? Рехтани хуни мумин аз тарафи мумин аз нигоҳи Худованд қатъиян манъ аст. Дар ҳеҷ куҷои «Қуръон»-и шариф наомадааст, ки хуни ноҳақ рехта шавад.

Магар шумо ҷанобони террористу экстремистро хоҷаҳоятон, ки худро размандагони роҳи дини ислом меҳисобанд, ҳарчанд ки як тори мӯйи онҳо мусулмон нест, боре нагуфтаанд, ки аз фармудаҳои Худованд сар тофтан ҷоиз нест ва нафаҳмониданд, ки рехтани хуни ноҳақ дар назди Парвардигор нобахшиданист. Ҷанобони ифритсурату ифротгаро фаромуш накунед, ки суханшиносе маҳз баҳри шумо–роҳгумкардаҳо, ки оқибати амали ноҷавонмардонаатон марг аст, гуфтааст:

Ҷаҳд бинмо, хуни ноҳақ кам бирез,

Бар сари худ лаънати дунё марез.

Қотилон, албатта, мақтул мешаванд,

Рӯсиёҳи ҳарду олам мешаванд.

Вақтҳои охир тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, баъзе минтақаҳои Осиё, Африқои Шимолӣ ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ гардида, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла, дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя–Афғонистон вазъиятро боз ҳам тезутунду мураккабтар гардонида истодааст.

Террористону экстремистони ифритсурат аксаран зери даъвату шиорҳои диниву мазҳабӣ панаҳ бурда, худро ҳомиёни дину шариат эълон намуда, исломро ҳамчун яроқи идеявӣ, расидан ба мақсади олии худ медонанд. Ҳол он ки дини мубини ислом аз терроризму экстремизм фарсахҳо дур буда, бо он ҳеҷ иртиботе надошту надорад.Терроризм ва экстремизм сарчашмаест барои барои заиф гардонидани ин ё он мамлакат ва сарсону бадбахт гардонидани аҳолии он. Пайомадҳои чунин вазъи ногуворро дар мисоли Сурия, Ироқ, Судон, Филиппин, Тунис ва Лубнону Афғонистон дидан мумкин аст.

Террористон ба олам даҳшат андохта, тавассути нафарони камхираду аз тарбия дурмонда мехоҳанд амалҳои зишту ноҷавонмардонаи худро амалӣ намоянд, вале дур нест, ки тири онҳо хок хурад. Зеро кули мардуми Сайёра маҳкумгари мақсуди нопоки онҳост. Миробид Сайидои Насафӣ дар ин росто наку овардааст:

Ҳаркӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Ба ҷавонони саодатманди мо зарур аст, ки пайи шукуфоию осудагии ватани азизу соҳибистиқлоли худ бошанд, ба ҳеҷ гуна ташвиқу тарғиб, амалу рафтори террористон, экстремистону дасисабозон, ки эшон раҳгуму оқи ватаншудаанд, бовар накунанд. Нагузоранд, ки шайтонҳои бекалушу маҳсӣ тоҷику тоҷикистониён ва Тоҷикистони амну озоди моро ба бозичаи дасти дасисабозон ва ифритиёни хориҷ табдил диҳанд.

Ҷавонони ҳушманд, биёед, ҷаҳд барои побарҷову бардавомии ваҳдати миллии кишварамон ва мутантании сулҳи абадию озодӣ, ки Худованд муяссари мо гардонидааст,намоем. Нагузорем, ки ҳеҷ яке аз шаҳрвандони сарзамини муқаддасамон, алалхусус, ҷавонони ояндасози миллати бофарҳангу тамаддунпарварамон ба доми ифритиёну ифротгароён афтида, дар ду ҷаҳон сияҳрӯз гарданду гирифтори лаънати ҷаҳониён шаванд.

Ҷаҳд бар он намоем, ки сулҳу ваҳдат, ободонию созандагиро дар сиришти ҳар фарди кишвар бедор намуда, донишу маҳорат ва ақлу фаросати хешро баҳри сарафрозии Ватани маҳбубамон роҳандозӣ намоем. Сарзамине чун Тоҷикистон, ки чор фаслаш фасли файзу баракат, халқаш баору баномус ва меҳнатқарину бофарҳанг, мардумонаш сулҳдӯсту соҳиби Ҳукумати конститутсионист, баҳри пешравию рушд ҷадал бояд намуд. Кӯшиш баҳри ободонию шукуфоӣ намуд, то мамлакати тозаистиқлоли худро ба ҷаҳониён тавассути ақлу хиради воло, дониши пешрафтаи ба стандартӣ ҷаҳонӣ ҷавобгӯ муаррифӣ карда тавонем. Ин аст, қарзи фарзандии ҳар як инсони худшиносу худогоҳ, бахусус, ҷавонони баору номуси Тоҷикистони азизи мо.

Related Articles

Leave a Comment