Home АНДЕША МАДҲИ БАРХЕ АЗ МОДАРОНИ ИМРӮЗРО БАС КУНЕД!

МАДҲИ БАРХЕ АЗ МОДАРОНИ ИМРӮЗРО БАС КУНЕД!

by admin
164 views

Ҷаҳонгир РУСТАМШОномзади илмҳои филологӣ, дотсент, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”

Модар ва бузургии он

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ серистеъмолтарин калима «модар» мебошад, зеро кӯдаку калону пиру барно калимаи «модар»-ро бо эҳтироми хос ба забон меоранд. Воқеан ҳам модар бо тамоми ҳастияш бузург аст, ба шарти он ки дар ҳақиқат модар (!) бошад. Аз пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар ин боб чор ҳадис меорем, ки чунин гуфта:

  1. Биҳишт зери қадами модарон аст.
  2. Ҷуз дар баробари падару модар ва имоми одил тамаллуқ раво нест.
  3. Ризои Худованд дар ризои волидайн (падару модар) ва хашму қаҳри Худованд дар хашми волидайн аст.
  4. Ба се чиз нигоҳ кардан ибодат аст: 1. назар кардан бар рӯи падару модар, 2. нигоҳ кардан ба Қуръон, 3. нигоҳ кардан ба баҳр.

Луқмони Ҳаким ба фарзандон хитоб карда, мегӯяд, ки модару падарро ғанимат дон. Бузургмеҳри вазир бошад, чунин мегӯяд: «Некӣ муқаддамтар аз ҳама дар ҳаққи падару модар бояд кард».

Унсурулмаолии Кайковус дар хитоб ба фарзандаш чунин афзуда: «Эй фарзанд! Меҳру муҳаббати худро ба падар ва модар нигоҳ дор. Агар нисбат ба падару модар муҳаббати худро аз даст диҳӣ (гум кунӣ), Аллоҳ Таъоло аз ҳар гуна файзу баракат маҳрумат намояд. Боҳаё, бономус ва боадаб будан ҳар вақт сабабгори ҳар гуна корҳои хайр гардад. Агар ҳамсояат туро хуб гӯяд, бадӣ. Ба падар итоат кардан ба Аллоҳ Таъоло итоат кардан аст. Нофармонӣ ба падару модар, ин нофармонӣ нисбати Аллоҳ Таъоло аст».

Пегуве бар ин андеша ҳаст, ки: «Модар ягона офаридгорест, дар рӯйи замин, ки худошиносон намедонанд». Виктор Ҳюго бошад, чунин мегӯяд: «Зан заиф аст, аммо модар пурқувват аст».

Балзак воситаи эҷоди худро дар модар дидааст: «Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбед».

Шиллер аз тарбияи модар ёд карда чунин фармуда: «Ёд овар аз он дасте, ки дар шабҳои кӯдакӣ бо навозишҳояш дардҳои туро таскин дод. Ёд овар аз он диле, ки ба хотири ту захмҳо хӯрд ва боз вафодору вафокор монд. Зонуи худро ба замин гузор ва барои модарат дуо кун». Шеллӣ низ сухани ҳикматомезе вобаста ба модар гуфта: «Дар зиндагӣ ду бор зону задам: як бор барои офаридгорам ва бори дигар барои модарам».

Кулриҷ бо модар эҳтироми хоса дошт ва чунин гуфта буд: «Модар ҳатто пас аз марг боз ҳам модар ва муқддастарин мавҷудоти ҷаҳон аст». Сарлашкари бузурги рус Наполеон низ бо ин ҳама бузургӣ пеши модар афтида, чунин гуфта: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар ҷаҳонро такон медиҳад».

Пас, маълум мешавад, ки ҳатто бузургтарин инсонҳо дар пеши модар ҳеҷанд ва муҳтоҷи як силлаи дасти модаранд. Аммо ин ҳама бузургӣ ба модари воқеӣ дахл дорад, на ба модари қалбакӣ.

Модарони кунунӣ вазифаашонро иҷро карда метавонанд?

Модарии имрӯза як бозӣ шудааст. Ҳар як зани зоянда даъвои модарӣ дорад. Модар будан ин зодану ба кӯча партофтан нест. Модар будан кӯдакро ба кӯдакистон партофтан нест. Модар будан аз саҳар то бегоҳ ҳурибча (панперс) пӯшонидану дар кӯча гузоштан нест. Модар будан нишаста, сабр кардану тарбия кардан аст.

Модар дар давоми 5 соли донишҷӯии писараш як бор ба донишгоҳ наомада, аз ҳолу аҳволи писараш огоҳ намешавад. Писар бо баҳои дуву миёна мехонаду модар бехабар. Писар ҷиноят мекунаду модар сипас хабардор мешавад. Писари донишҷӯяш аз донишгоҳ хориҷ мешаваду баъд модар хабардор мешавад. Пас, ин чӣ гуна модарӣ ҳаст? Ҳама ҳайвонҳои зоянда насл ба дунё меоранд. Инсон ҳам дар қатори дигар махлуқот одам ба дунё меорад, аммо зодану партофтан хоси инсон ва махсусан модар нест.

Фарзандони беҳуқуқ ва модарони соҳибҳуқуқ

Аз тарзи зиндагии мо маълум ҳаст, ки фарзандон дар оила мавриди хушунати оилавӣ қарор мегиранд. Фарзандон дар назди падару модар қариб ки ҳуқуқ надоранд. Бояд ҳатман дар куҷо хондан, ба куҷо рафтан, бо кӣ оиладор шудан, чӣ тавр либос пӯшидан, чӣ ном гузоштан ва садҳои дигарро модар ва падар барои мо муайян кунанд. Мо як роботему моро идора мекунанд. Худоё, мо кай мустақилияти шахсӣ ба даст меорем? Падару модар доимо даъво мекунанд, ки ҳеҷ волидайн бадии фарзандро намехоҳад, аммо аз бисёр «ибтикорот»-и ахири шумо падару модарон муайян гардид, ки хонаводаҳо вайрон шуда, қисме аз фарзандон ба ҷинояту худкӯшиву худсӯзӣ даст задаанд. Сабаби зиёди ҷудошавии оилаҳои ҷавонро коршиносон ва ҷомеашиносон хушунати оилавӣ унвон мекунанд, ин маҳз аз ҷониби модарҷонҳои мо ба вуҷуд меоянд.

Бо кадом модар ифтихор бояд кард?

Мутаассифона имрӯз ҳама табақаи аҳолӣ модар мегӯяду барои модар ҷонашро фидо мекунад. Гадо ҳам модарҷон мегӯяду чӯпон ҳам. Донишҷӯи бесавод модар мегӯяду як майнӯши сари роҳам. Бовар кунед, ба бесаводии шумо, гадоии шумо, чӯпонии шумо ва майнӯшиву ба ҷиноят даст задании шумо МОДАРҶОНИ шумо гунаҳкор аст. Маҳз модари шумо тарбияи дуруст накард, ки имрӯз бо баҳои ду мехонед, гадоӣ мекунед, майнӯшиву ба ҷиноят даст мезанед.

Бобоҷон Ғафурову Лоиқ Шераливу ва ҳазорҳо мардони муборизи ватан модар гӯянд, зебанда ҳаст, зеро ин модарон фарзандони асил тарбия намуданд, ки ҷомеа аз онҳо фоида дида истодааст. Модаре, ки маро шахсият сохта натавонад, ба ман даркор нест!

Сухан бисёр ҳаст, аммо қазоватро ба хонанда ҳавола медиҳем.

Related Articles

Leave a Comment