ИБРОҲИМОВ Гурез 3.05.1942 дар деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод дар хонадони деҳқон таваллуд шудааст. Педагог, номзади илмҳои педагогика (1991), дотсент (1993), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1993), узви ИЖТ (2007). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1969). Таҳсил дар мактаби 7-солаи ба номи Суворови зодгоҳ (1949-1956), мактаби миёнаи ба номи К.Маркси шаҳраки Муъминобод (1956-1959), дуредгари колхози «Ленинград»-и ноҳияи Кӯлоб (1959-1962), донишҷӯ (1962-1969), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1963-1966), муаллими кафедраи педагогика ва психологияи ИДПК (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1969-1972), ҷонишини директори мактаби миёнаи ноҳияи Қумсангир (1972-1975), муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогика ва психология (1975-1993), сардори шуъбаи таълим (1993-1998), сардори шуъбаи тарбия (1998-2005), муовини ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ оид ба тарбия (2005-2009), декани факултаи филологияи тоҷик ва журналистика (2010-2011). Аз соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ. Доир ба «Тарбияи байналмилалии хонандагони синфҳои 5-6 ҳангоми корҳои таълимӣ ва беруназсинфӣ (дар асоси маводҳои таърих, адабиёти тоҷик ва география, 1991, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи беш аз 90 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавист. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали ҷашнии «20-соли Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945» (1965) сарфароз гардидааст. 3 нафар аспирант зери роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Хостем вобаста ба ҳаёту фаъолият ва мушкилоту камбудҳои соҳаи маориф бо он кас сӯҳбате анҷом диҳем.
Устод, собиқаи кори омӯзгории шумо 48 сол аст. Дар ин муддати мадид ба таълиму тарбияи ҷавонон машғул будед. Таассуроти Шумо аз ин 48 сол чист?
Ташаккур. Худованд ҳар як шахсро баҳри коре меофарад. Меҳри касби омӯзгорӣ дар дили ман аз хурдӣ ҷӯш мезад ва соли 1962 ба ҳайси донишҷӯи соли 1-уми факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шудам ва тибқи талаботи ҳукумати ҳамонвақта аз сафи донишҷӯён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудам ва хизмати Ватан-Модарро низ кардам. Се сол дар Русия хизмати Ватанро ба анҷом расонидам. Баъдан, баргашта боз хонданро дар донишгоҳ давом додам ва соли 1969 Донишкадаи давлатии Кӯлобро бомуваффақият хатм кардам. Аз соли 1969 то ба имрӯз ҳамчун омӯзгори фанни педагогика кору фаъолият дорам.
Бояд қайд намоям, ки дар 48 соли собиқаи корӣ дар донишгоҳ аз муаллими одӣ то ба дараҷаи дотсенти кафедра расидам. Солҳои аввали корӣ дар донишгоҳ ҳама тарки вазифаи омӯзгориро карданд, аммо ман накардам. Ба худ гуфтам, ки агар ҳамин мардум гурусна бошад, мо гуруснаем, агар сер бошад, мо сер ҳастем. Аз ҳама лаҳзаи хушбахтии ман он рӯз аст, ки дарс дошта бошам. Он рӯз беҳтарин рӯз бароям ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҳам барои гузаштани дарс тайёрӣ мебинам ва китоб варақ мезанам.
Дар 48 сол 1 бор дарсшканӣ накардаам. Албатта бо сабаби беморӣ ва ё ҷаноза аз дигар омӯзгорон хоҳиш кардаам, то дарсамро гузаранд, аммо қасдан ва бесабаб агон маротиба ин амал рӯй надодааст. Ман касби муаллимиро беҳтарин касб мешуморам.
Лутфан бигӯед, ки омӯзгори воқеӣ бояд чӣ гуна бошад?
Омӯзгори ҳақиқӣ он касеро мегӯянд, ки ӯ пеш аз ҳама ду хислати барҷаста дошта бошад: яке сифати касбӣ ва дигаре сифати шахсӣ. Омӯзгор бояд модарзод омӯзгор таваллуд шуда бошад. Барои омӯзгор мактаб ва шогирдон азизу муқаддасанд. Омӯзгори ҳақиқӣ ҳамонест, ки вай пайваста дониши худро такмил ва сайқал диҳад. Ушинский мегӯяд, ки: “Муаллим то даме, ки зинда аст, мехонад. Ҳамин ки ӯ аз хондан даст кашид, дар ӯ аз симои маънавии муаллимӣ ҳеҷ чиз биқӣ намемонад”. Яъне, муаллим новобаста аз ҳамин қадар таҷрибаи баланд пайваста бояд хонад, донишашро баланд бардорад, аз ҷамъият қафо намонад. Ба замми ин, муаллим бояд муаллим бошад.
Шаб, ки месӯзад чароғи хонаи омӯзгор,
Гар чароғи ӯ насӯзад, тира гардад рӯзгор.
Муаллим бедорхобӣ мекунад, дарс тайёр мекунад, барои дарси оянда худашро омода месозад. Ин ба маъное ҳаст, ки оянда равшан мешавад. Муаллим ба ҳамон чароғи шабзиндадориҳои худ дили мардумро равшан мекунад. Муаллим бояд худашро баҳогузорӣ карда тавонад, ки ман дар ҳақиқат ба касби муаллимӣ арзанда ҳастам ё не. Дигараш ин аст, ки ки муаллим бояд дар баробари баланд бардоштани донишу малакаву маҳорати худаш бояд инсони комил ва фозил бошад. Муаллим на танҳо дар ҷои кор бо ҳамкорон хушмуомила бошад, балки дар оила низ бояд хушмуомила бошад. Педагоги машҳури франсуз мегӯяд: “Ҳар он касе, ки моро таълим медиҳад, ӯ муаллими мост, вале на ҳар муаллим сазовори ин ном аст”.
Муаллми бояд бетамаъ ва ҳалолкор бошад. Агар муаллим фосиқ, тамаъҷӯ ва ҳаромкор бошад, шогирдони ӯ ҳамин сифатҳоро пайдо меекунанд. Беъзеҳо мегӯянд, ки муаллимӣ осон аст ва ман ба ин розӣ нестам. Муаллимӣ кори осон нест. Ҳамчунон ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд: “Муаллим ҳатто ҳуқуқи хато кардан надорад”.
Устод, кадом омилҳо боиси рехтани обрӯи омӯзгор мешаванд?
Ин беҳтарин савол аст. Вақте ки муаллим ба донишҷӯ муомилаву муносибати хуб карда натавонад, психологияи ҳамон донишҷӯ ё ҳамкорашро омӯхта натавонад, он омӯзгор обрӯяшро аз даст медиҳад. Муаллим дар дарс бо шогирдон бояд бо забони хуш, ширинсуханӣ ва хушҳолӣ рафтор кунад. Имрӯз байни муаллим ва донишҷӯ масофа нест. Вақте мебинед, ки устод аз шогирд чизе тамаъ дорад, дар ин сурат муаллим аз куҷо дигар обрӯ дорад? Ягон қатра обрӯе ҳам ба даст оварда наметавонад. Сабаби асосаш ҳамин, ки агар муаллим бесавод бошад. Бесаводии муаллим ӯро бисёр шармандаву шармсор мекунад.
Дар соҳаи маориф кадом мушкил аст, ки Шуморо нороҳат мекунад?
Аз як мушкил маро камтар алам мекунад. Соҳаи маорифро аз соли 2000-ум то соли 2017-ро мисол мегирем. Агар дар соли 2000-ум барои рушду нумӯи соҳаи маориф 40 000 000 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2015-2016 3 милиарду 150 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Бубинед, ки ин тафовут аз куҷо то ба куҷост. 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ ба даҳон гуфтан осон аст. Агар ин маблағро аз рӯи ҳамон таъиноташ сарф кунем, соҳаи маориф ҳаматарафа инкишоф меёбад. Ҳам музди маоши муаллим, ҳам синфхонаҳо, ҳам таҷизонидани мактаб, ҳам аз ҷиҳати техникаву технологияи нави ҳозиразамон таъмин намудани мактабҳо ва ҳамаи ин ҷо ба ҷо шуда метавонад, вале ман фикр мекунам, ки ҳамин кор мувофиқи таъиноташ сарфа намешавад. Ҳамин маблағи ҷудошуда агар мувофиқи мақсад сарф шавад, соҳаи маориф рушду нумуъ меёбад, аммо афсӯс…
Менделев мегӯяд, ки: “Илмро ба шахси бетарбия додан маънои онро дорад, ки шамшере ба дасти зангии маст медиҳӣ”. Ба фикри Шумо оё шахси бетарбияро дар ботарбия кардан имкон дорад?
Саъдии бузургвор мегӯяд:
Шамшери тез зи оҳани бад накунад касе,
Одам ба тарбият шавад эй ҳаким кас.
Борон, ки аз латофати таъбаш хилоф нест,
Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас.
Дар оилае, ки дар он ҷо тарбияи фарзандон мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудааст, ин ба монанди ҳамон шурабум аст. Оилае, ки дар он тарбия дуруст ба роҳ монда шудааст, ба монанди ҳамон боғ аст, ки боғбон дорад. Тарбия хеле мураккаб аст. Макаренко мегӯяд, ки: “Биноеро мо сохтему он ба боло расиду дидем, ки дар куҷое хатто кардаем, ҳамин биноро гардонидану аз сари нав сохтан мумкин, вале дар одам агар тарбия вайрон шавад, инро аз сари нав барқарор кардан бисёр мушкилии зиёд дорад”. Ноаҳлро тарбия кардан кори душвор ва заҳматталаб аст. Имконият вуҷуд дорад, ба шарте ки ҳамон одам худаш ба ноаҳлии худ сар фуруд ораду худашро баҳогузорӣ кунаду роҳи ростро интихоб намояд.
Тарбия як чизи бисёр нозук аст. Имрӯз фарзандоне ҳастанд, ки падару модарони худро ба хонаи пиронсолон мебаранд, яъне аз волидайн рӯ мегардонанд. Сабаби инро дар чӣ мебинед?
Ба фикри ман шахсе, ки соҳиби ақлу тамиз аст, падару модарро ҳеҷ гоҳ хор шудан намемонад. Падару модароне, ки имрӯз дар хонаҳои пиронсолон аз ҳисоби давлат тарбия мегиранду гуру чӯб карда мешаванд ва фарзандони онҳо инро аз дур тамошо мекунанд, аз ин дида гуноҳи бузурге нест. Ин гуна фарзанд аз ҳайвон ҳеҷ фарқе надорад. Шоире хуб гуфта:
Даҳ писар аз як падар осуда гашт,
Як падар аз даҳ писар афтод ба дашт.
Ин амал аз беобрӯгӣ, шармандагӣ ва бефаросатии ҳамин фарзандон шаҳодат медиҳад. Сабабаш шояд дар он бошад, ки ҳамон падару модар дар куҷое ба хато роҳ додааст ё дар гузашта нисбат ба падару модари хеш чунин беҳурматӣ намудаанд.
Устод, барои боз ҳам хубтару беҳтар шудани раванди таълиму тарбия чӣ пешниҳод доред?
Ба падару модарон як пешниҳод дорам. Дар системаи таълиму тарбия мо бояд се ниҳодро ба асос бигирем: оила, мактаб, ва ҷомеа. Агар ин се ниҳод якҷоя нашаванд, ҳеҷ гоҳ мо ба мурод расида наметавонем. Имрӯз фақат мактаб мондаасту халос. Барои он, ки таълиму тарбияи мо хуб шавад, бачаҳои мо оянда нони худашонро ёфта хӯранд, бояд ин се ниҳод якҷоя ҳамкорӣ дошта бошад. Дар донишгоҳ ҳам айнан чунин. То ҳол надидем, ки падаре омада бошаду гӯяд, ки ман падари фалон донишҷӯяму аз ҳолу аҳволи писараш огаҳ шавад. Ҳозир имтиҳоноти давлатӣ рафта истодааст ва мо иштироки ягон падару модарро надидем. Дар вақти пеш падару модарон дар пушти дар бо гулдаста фарзандонашонро интизорӣ мекашиданд.
Имсол, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон карда шуд ва айни ҳол мо дар арафаи ҳафтаи ҷавонон қарор дорем, муроҷиати Шумо ба ҷавонон чист?
Ҷавонони имрӯзаро бисёр дӯст медорам. Баъзеҳо камбудҳои ҷавононро мегиранду танқид мекунанд, ки ба ақидаи онҳо розӣ шуда наметавонам. Ҷавонони мо ҷавонони хубанд.
Ҳофиз мегӯяд:
Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ин гапро Ҳофиз дар асрҳои 12 ва 13 гуфта буд ва ба ақидаи ман ҷавонони имрӯзаи мо насиҳатгари хуб надоранд. Инҳо муҳтоҷи насиҳатанд, вале насиҳатгар нест. Ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар ӯ) дар ҳадисаш ривоят мекунанд, ки се тоифа одмон ба ҷаннат намераванд: оқкардаи волидайн, шаробхӯрон ва воизони ифротгаро. Воизони ифротгаро одамонро аз роҳи рост ба роҳи каҷ ҳидоят мекунанд, ҷомеаро ноором месозанд ва мардумро байнашон низоъу ҷанг меандозанд. Ин гуна одмон ба ҷаннат намераванд. Ҷавонони имрӯза баъзан пайрави ин гуна афрод мешавад ва ин маънои онро надорад, ки мо ҷавононро беақлу бесавод ном барем ва ин хел гуфтан хатои маҳз аст. Фақат бояд падару модарон ба он кӯшанд, ки ҷавонони мо роҳи ростро интихоб кунанд, амале анҷом дода шавад, ки ҷавононро бедор кунанд.
Ман аз фурсати муносиб истифода бурда бахшида ба “Соли ҷовонон”-у 20-солагии Ваҳдати миллӣ ҳамаи ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик намуда, ба онҳо барори кор, комёбӣ, тани сиҳат, вақти хуш ва фикру андешаи тозаро таманно дорам.
Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.
Раҳмат.
Мусоҳиб
Ҷаҳонгир РУСТАМШО