Home ДАСТОВАРҲО ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ

by admin
50 views

Санаи 14.02.2020 дар толори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои муосири муќовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тибќи пешниҳоди ноиби ректор иод ба тарбия Лоиқов Парвиз, раиси шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ, Шамшоди Ҷамшед,  муовини сардори раёсати илм ва инноватсия, Латифов Манучеҳр, сардори шуъбаи ҷавонон дар бахшҳои алоҳидаи форум ширкат варзида, бо маърӯзаҳо суханронӣ намуданд.

Форум ҳамон рӯз ҷамбаст гардид. Дар ҷамбаст ба як ќатор иштирокчиёне, ки дар бахшҳо фаъолона ширкат варзиданд сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таќдим карда шуд. Аз донишгоҳ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ки дар бахши ТИК ширкат варзид, соҳиби сипосномаи Кумита гардид.

Related Articles