Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ ХУДАФРӮЗ

ХУДАФРӮЗ

by admin
18 views
Ба академик Самариддин Каримов
Зиндагӣ асрори дунёи вуҷуди мост,
Зиндагӣ афсонаи буду набуди мост,
Дилкашу зебо матои зиндагӣ охир,
Аз сафои рангу тоби тору пуди мост.
Ҳар кӣ омад, меравад аз дори ин дунё,
Саргарони расму роҳи кори ин дунё.
Бо сарангушти хирад,эй кош, бикшоям
Уқдаи сарбастаи асрори ин дунё.
Бо ҳамин андеша тарки хоб кардӣ ту,
Нури чашматро дар ин раҳ об кардӣ ту.
То дурахши тирароҳи зиндагӣ гардӣ,
Зиндагӣ чун кирмаки шабтоб кардӣ ту.
То ниҳоли орзуят босамар гардид,
Тирашабҳое ба бедорӣ саҳар гардид,
Бармаҳал бори ятимӣ бар сарат омад,
Баъд аз ин раҳтӯшаат панди падар гардид.
То диле дарёфтӣ дар олами ҳастӣ,
Бурдаӣ дар худ фурӯ дарду ғами ҳастӣ.
Кам надидӣ гарчи озори дилозорон,
Мекунӣ шукронаи бешу ками ҳастӣ.
Раҳнаварди олами фазлу ҳунар гаштӣ,
Аз сару савдои ҳастӣ бохабар гаштӣ.
Бо азобу ранҷу заҳматҳои беохир,
Шукри қисмат, оқибат бологузор гаштӣ.
***
КӮЛОБ
Қадамҷои азизонӣ, аё Кӯлоб,
Баробар бо дилу ҷонӣ, аё Кӯлоб.
Куҳанбунёд мисли кӯҳи Золи Зар,
Шукӯҳи мулки Хатлонӣ, аё Кӯлоб.
Ҷаҳоне бонамак аз Хоҷамӯъмин аст,
Ту файзи давру давронӣ, аё Кӯлоб.
Парафшон дар фазоят мурғи бахти мо,
Ту шаҳри ишқу армонӣ, аё Кӯлоб.
Баҳороғӯши зебову дилороӣ,
Шукуфон чун гулистонӣ, аё Кӯлоб.
Намехоҳам даме дурӣ аз оғӯшат,
Маро ҷонию ҷононӣ, аё Кӯлоб!
***
ДАЪВАТ
Ба ҳамсабақҳои айёми донишҷӯӣ
Дар куҷоед, куҷоед?
Ҳар куҷоед, биёед.
Нест дар зиндагӣ як лаҳзаи беғам будан,
Фориғ аз гардиши олам будан.
Тарҳу тақсими ҷаҳон бисёр аст,
Садқаи ҳар нафаси ҷамъ будан,
Лаҳзаи шоми алам шамъ будан.
Дар куҷоед, куҷоед?
Ҳар куҷоед, биёед, ки анҷум гардем,
Ҷамъ чун хӯшаи гандум гардем,
Боиси серии мардум гардем.
Дар куҷоед, биёед, ки аз ҳарфи шумо
Аз хати чеҳраву ожанги ҷабин,
Аз сафедиву сафои сару мӯ,
З-он гули хандаву рухсори накӯ
Пора-пора ҳаваси айни ҷавонӣ ёбам,
Кош як бори дигар тозаҷавонӣ ёбам.
Дар куҷоед, биёед,
Ҳар куҷоед биёед, биёед, биёед…
✍️Сафар Амирхон

Related Articles

Leave a Comment