Home АНДЕША ҲАМА ДАВР НАВБАТЕ ШОГИРДУ УСТОД АСТ

ҲАМА ДАВР НАВБАТЕ ШОГИРДУ УСТОД АСТ

by admin
19 views
Устод ҳамон офтоби пурҷилоро мемонад, ки ҳамвора бо нури хираду андеша ҳаёти шогирдон, дӯстону пайвандонро фурӯғ мебахшад. Дар ҳама давру замон ҷомеаи инсониро бе устод тасаввур кардан ғайриимкон аст. Устод шахсест, ки моро дар ҳаёт тарбия ва дар зиндагӣ ба роҳи рост ҳидоят менамояд ва ҳамаи афроди ҷомеа, чи хурду чи бузург, чи таҳсилдидаву ғайри он, ҳамеша шахсияти устодро ҳамчун таҳрикбахшандаи рӯзгори ҷомеа арҷгузорӣ менамоянд ва хидмату заҳматҳои эшонро бо сари таъзим фуруд овардан назди устод қадрдонӣ менамоянд. Аз ин ҷост, ки бузургон “Ҳаққи устод аз падар беш аст” гуфтаанд. Рисолати устод, ё худ омӯзгор низ бо саъю талоши зиёд ба наслҳои минбаъда додани илму дониш ва ба ин восита расонидани нафъ ба ҷомеа мебошад. Чунонки педагоги машҳур К. Луначарский мегӯяд: «Олим, омӯзгор шахсест, ки ба насли наврас тамоми арзишҳои пурқимати замонро эҳдо намуда, роҳи зулмотро барояшон равшан месозад, нодидаҳои онҳоро барояшон аён сохта, ба нерӯяшон қудрату ба эҳсосашон боварӣ мебахшад».
Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи мо-тоҷикон низ ба монанди ҳама ҷомеаҳои мутараққии ҷаҳон илму дониш ва олиму донишманд муродифҳое зеварбахши рӯзгор буда, бори маънавии ҳаёти инсонӣ пушти лавҳаву хотирот дар пешаи омӯзгори касби ҳунар кардааст ва дар чашми мардум муътабараш сохтааст. Аз ин рӯ, ёди рӯзгори инсонҳое, ки бо шарафи омӯзгорӣ нақши худро дар ҷодаҳои раҳгузари шогирдон ва раҳравони илм ба ёдгор мондаанд, ҳамеша бо пайванд хурдани андешаҳо ва дилҳои равшангари ҳаёт аз насл ба насл интиқол меёбад.
Адабпажӯҳ, фолклоршинос, номзади илмҳои филология, дотсент, Чалишев Соат аз зумраи шахсиятҳое ба шумор мераванд, ки умри пурбаракати хешро сарфи пажӯҳиши илм, раҳнамоӣ ва тарбияи шогирдони зиёд гардонида буданд. Устод аз он нафароне мебошанд, ки як умр ба касби заҳматталабу мушкилписанди омӯзгорӣ содиқ монданд. Ӯ бо вусъати тафаккур, дасту дили пок ва малоҳати гуфтор дар арсаи таълиму тадрис 60 соли умри пурбаракати хешро сарф намуда, қудрати ақлу ҷисмро ба таълиму таҳқиқ ва иршоди толибилмон равона карда, дар ин замина шогирдони зиёдро тарбият намуданд ва дар зеҳну забон ва қалби эшон эҳсосоти зебои инсонӣ – ишқу сафо ва фаросату нафосатро парвариданд, Устод дар тӯли фаъолияти тӯлонии омӯзгории худ ба шогирдонашон пешаи пуршарафи муаллимӣ омӯзонда, бад-ин васила рисолати инсониашонро анҷом додаанд. Олимону донишмандон, устодони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, адибону рӯзноманигорони варзида, омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои миёнаи кишвар ба монанди докторони илмҳои филология, профессорон И. Икромов, С. Сабзаев, Р. Саидов, Ҳ. Асозода, О. Саидҷаъфаров, доктори илмҳои педагогика А. Паҳлавонов, номзадҳои илмҳои филология, дотсентон Ғ. Мирзоев, Қ. Сангов, Г. Иброҳимов, Ё. Содиқов, А. Амиршоев, М. Набиев, А. Алиев, Саъдии Маҳдӣ, М. Раҳмонов, Н. Насимӣ, М. Абдураҳмонова, М. Мирзоева, П. Саидҷаъфарова, З. Холиқова, Ф. Шафизода, Г. Сафарова, А. Амлоев, Г. Нозимова, муаллимони калон Б. Ҷӯраев, Ш. Бегиев, А. Шарифов, А. Гадоев, З. Сайфова, С. Дамонова, Л. Мирзоева, Б. Алиева, Д. Акбарова, адибону рӯзноманигорони маъруф, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, инчунин А. Қаландаров, Хосият Вализода, Г. Муҳаммадиева, Ш. Сафарзода ва дигарон аз ҷумлаи шогирдони устоданд. Айни замон даҳҳо ва садҳо шогирдони Чалишев Соат на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, инчунин дар саросари кишварамон кору фаъолияти пурсамар мекунанд ва дар пешбурди соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ саҳм мегузоранд.
Устод Чалишев Соат дар майдони таълиму тарбия бо сафои рӯҳ ва сабру таҳаммул ранҷи фаровон кашида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муаллими синфҳои ибтидоии мактаби мактаби ҳафтсолаи ба номи А.С.Пушкини деҳаи Шайдони собиқ ноҳияи Сари Хосор (ҳоло Балҷувон) (1949-1951), муаллими забон ва адабиёти мактаби ҳафтсолаи ба номи Калинини ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ, 1953-1954), мудири ка¬бинети марксизм-ленинизми ИДПК (1959-¬1960), муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷики омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб ва ҳамзамон муаллими соатбайъ дар филиали Инситути давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко дар Кӯлоб (1960-1963), омӯзгор, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (1965-1968), муовини ректор оид ба таълими ғоибона (1968-1969), муалли¬ми калони кафедраи адабиёти тоҷик (1969-¬1974), декани факултети забон ва адабиёти тоҷик (1974-1981), дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик (1981-¬1992), мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1992-2005), дотсенти Департаменти забонҳои Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон (2005-2010) ва аз соли 2010 то поёни умр дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият доштанд. Барои хизмати софдилона бо унвонҳои фахрӣ, медали «Ветерани меҳнат» (1986), нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1970), «Аълочии мактабҳои олии СССР» (1973), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1996) ва Ифтихорномаҳо мушарраф гардидаанд. Маҳз дар давраи декани факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба ӯҳда доштани Чалишев Соат факултет шаш маротиба ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ дониста шуд. Ӯ дар ҳаёти ҷамъиятиии донишгоҳ ва шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзид. Устод ба сифати яке аз бунёдгузорон ва фаъолони узви хона-музейҳои шоирони халқии Кӯлоб буда, дар кори ташкили хона-музейҳои Саидалӣ Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, бунёди музейи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ саҳм гузоштаанд.
Устод Чалишев Соат бо нияти кӯмак ба санъати театрӣ бори санъатшиносиро низ ба дӯш гирифта, муттасил ба таҳлилу таҳқиқи масоили мухталифи театру мусиқӣ машғул буданд ва солиёни зиёд ба ҳайси раиси ҳакамон дар озмунҳои вилоятии санъаткорону ҳунармандони театрҳои вилоят хидмат кардаанд.
Дар бораи муҳассаноти фикрӣ ва ахлоқии устод Чалишев Соат шогирдонашон бисёр суҳбат кардаанду навиштаанд. Банда низ пайраву мухлиси устоду роҳнамои арҷманд -Чалишев Соат мебошам. Мехоҳам дар ин навиштор баъзе андешаву хотиротамро, ки дар бораи эшон дорам, изҳор намоям.
Гузашти солҳо даврони ҷавониро бо худ барад ҳам, қудрати бурдани осори меҳру муҳаббати дилҳо ва хотираҳои некро надорад. Нақши солҳо то лаҳзаҳои вопасин дар дафтари ёдҳо мемонад. Дар бораи устодону ҳамсабақон, ҳамкорону шогирдон хотираҳои нек зиёд дорам, аммо дурахшонтарин сафаҳоти дафтари хотираҳоям маҳз бо номи устоди зиндаёд Чалишев Соат мепайвандад ва хотираҳоямро пайваста ёди эшон рангинтар мегардонад.
Бори аввал бо устод Чалишев Соат дар хонаи шоир Саидҷон Ҳакимзода вохӯрдам. Ба хотирам ҳаст, ки ягон маъракаи хурсандии тағоям Ҳакимзода бидуни иштироки аҳли илму адаби Кӯлоб намегузашт. Дар чунин чорабиниҳо сари як пиёла чой суҳбату чақ-чақу суханрониҳои аҳли завқ муддатҳои дароз идома меёфт. Бо кунҷковии кӯдакона пай бурда будам, ки ҳалқаи суханварону ҳамсуҳбатонро аз ҳама беш бо зарофатӯиву нақлҳои аҷибу хандаҳои баланду зебояшон устод Чалишев Соат гарм мекунанд. Хеле суҳбаторо буданд муаллим.
Бори дувум дидори банда бо устод Чалишев Соат дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иттифоқ афтод. Устодро дар донишгоҳ ҳангоми таҳсил низ ҳамон тавр даврёфтам, ки дар айёми наврасӣ дида будам. Ӯ ҳамоно хушзавқу хушгуфтор, гармчеҳраву суҳбаторо ва зарифу зиндадил ба назар мерасид. Ба мо муҳассилини бахши филология аз фанни фолклор дарс мегуфтанд. Дарсҳои устод хеле ҷолибу шавқовар мегузаштанд. Қиссаҳо ва порчаҳои шеърӣ, хусусан, рубоиёти халқиро хеле пуртаъсиру ҳунармандона мехонданд ва ба ин восита, шунавандаро бо ҳама рӯҳу равонаш мадюни олами зебои адабиёт менамуданд.
Садорати факултети забон ва адабиёти тоҷик дар поёни соли аввали таҳсил моро ба ноҳияи Ховалинг барои ҷамъоварии фолклори мардуми он диёр сафарбар намуд. Шубҳае набуд, ки устод Чалишев Соат мо – донишҷӯёнро дар ин сафар ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ мекунанд. Муносибати устод бо мо – шогирдон дар Ховалинг хеле самимонаю падарона буд. Шахси ҳалиму меҳрубон, дилсӯзу ғамхор буданд устод.
Пас аз дувоздаҳ рӯзи фаъолияти пурсамар, гирдовардаҳоямонро дар сафаҳоти дафтар ҷо карда, ба устод пешниҳод намудем ва билохира бо табъи саршор аз фараҳу хурсандӣ ва хотироти нек ба донишгоҳ баргаштем. Хеле хотирмон буданд он рӯзҳову он сабақҳо.
Аммо саодати бештари ҳамнишинӣ ва хӯшачинӣ аз хирмани андешаи устод, ҳамон донишу таҷрибаи бойи ӯ буд, ки аз гавҳари поки инсонии эшон сарчашма мегирифт. Шарафи ҳамнишастиву ҳамкорӣ бо устод Чалишев Соат пас аз чор соли хатми донишгоҳ, ки ба факултет ба кор омадам, насибам гашт.
Донишгоҳро хатм кардему ману ҳамсабақонамро барои кор кардан муддати се сол ба муассисаҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб фиристоданд. Пас аз бомуваффақона анҷом додани муҳлати муқарраршуда, банда ба кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳамон барои кор даъват шудам. Хабари дар кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба ҳайси ассистент фаъолият карданам ба гӯши устод Чалишев Соат расид. Ӯ ҳамон солҳо вазифаи мудирии кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба ӯҳда доштанд. Устод ин хабарро чандон хуш қабул накарданд, аз ин рӯ, бо ман аз наздик ҳамсуҳбат шуда пешниҳод намуданд, ки ба кафедраи адабиёти тоҷик интиқол ёбам. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Солҳои зиёд бо устод Чалишев Соат дар як кафедра кору фаъолият кардаам. Дар давоми ҳамкорӣ аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Файз ва осори суҳбатҳои устод, хосса сифатҳои наҷибтарини инсониашонро баршумурдан душвор аст. Пайваста маслиҳатҳои падаронаашонро аз ман дареғ намедоштанд. Бо устоди гиромиқадр доир ба масъалаҳои ҳаётӣ низ суҳбатҳо намуда, аз эшон маслиҳатҳо мегирифтам. Чунки аз рӯи шунидаам, сарчашмаи тамоми муваффақиятҳои бадастовардаи устод чи дар зиндагӣ ва чи дар роҳи илм, бо муҳити хонаводагии ӯ алоқамандӣ дошт. Боре ҷуръат карда, аз таъсири муҳити оилавиашон дар дастрас гардидан ба комёбиҳои илмӣ пурсон шудам. Устод бо табассуми малеҳ, ки як навъ хоксории эшонро ҳам ифода мекард, сарчашмаи муваффақиятҳои худро аз доштани ҳамсафари нек дар ҳаёт маънидод намуданд. Дарвоқеъ, ҳамсари меҳрубонашон Набиева Марямбӣ аз зумраи бонувони порсову дурандеш, буда, тамоми умри худро дар хидмати халқу Ватан, аниқтараш бо шаст соли фаъолияти омӯзгорӣ дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, гузаронидаанд. Ба ин нигоҳ накарда, муаллима рисолати худро, пеш аз ҳама, дар нигоҳ доштани пайванди муҳити хонаводагӣ медиданд ва дар паҳлуи устод бо меҳру садоқати бепоён ба ҳама корҳояшон кӯмак мерасониданд. Як сабаби то охири ҳаёт фурӯзон будани шуълаи меҳру ихлоси онҳо, дар ҳамфикр будани онҳо низ буд. Муаллима Набиева ҳам мисли шавҳари меҳрубонашон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарс мегуфтанд ва аз ин рӯ, дар зиндагӣ ҳамеша бо устод ҳамраъй буданд. Ҳоло муаллима даври пирӣ меронанд.
Устод Чалишев Соат дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ маро аз роҳнамоиҳои судманди худ баҳравар мекарданд. Мақолаҳои шогирдонаамро таҳрир намуда, барои боз ҳам беҳтар шудани корҳоям дар самти пажӯҳиши илмӣ, навиштани мақолаву васоити таълимӣ маслиҳатҳо медоданд.
Устод Чалишев Соат олими пуркору мерталаб буданд ва ин серталабӣ, пеш аз ҳама дар нисбати худашон зоҳир мешуд. Ҳамеша ҷаҳду талош меварзиданд, то нуктаи тозаееро дар илм ба даст оранд. Роҳи тайкардаи эшон барои навқадамони ин ҷодаи мушкилписанду масъулиятталаб намунаи ибрат буду ҳамон гуна боқӣ мемонад.
Олими мӯшикоф буд ва аз илмҳои адабӣ огоҳии вофир дошт. Устод аз рӯйи тақсимбандии улуми адабӣ, ки адабпажӯҳони асримиёнагӣ анҷом дода, теъдоди онро аз дувоздаҳ то понздаҳ адад шумурдаанд, ҳамеша таваҷҷуҳи моро ба илми амсол (зарбулмасал, фолклор), ки аз рӯйи фарогирии мавзуъ, сарчашма аз адабиёти қадим мегирад, ҷалб менамуд. Устод бо баҳсҳои ҷолиб дар гӯшаи дилҳои мо ҷо кардани мешуд, ки тамоми адабиёти беш аз ҳаштҳазорсолаи тоҷик реша дар фолклор дорад.
Дар адабиётшиносии муосир кам касон ба таҳқиқи ин шохаи улуми адабпажуҳӣ машғул шудаанд ва олимону донишмандони муваффақ низ дар ин соҳаи муҳимми илмҳои адабӣ камшуморанд. Устод Чалишев аз шахсони хушқисмат ҳастанд, ки дар қатори фолклоршиносони муваффақи кишварамон мавқеи вижа ва нақши дурахшон доранд. Устод ба осори шифоҳии халқ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Умри пурбаракати худро дар ҷустуҷӯю таҳқиқоти эҷодиёти даҳонакии мардуми хушзавқи минтақаи Кӯлоб сарф намуда, гирдовардаҳояшонро дар қолиби мақолаю монографияҳои илмӣ пешниҳод менамуданд. Устод Чалишев аз оғози фаъолияти илмӣ то замони камолоти умри худ, асосан, ба таҳқиқу тадқиқи пайгиронаи фолклори мардуми кӯҳистони ҷануби Тоҷикистон машғул буданд ва натиҷаҳои ҷустуҷӯяшон ба таври мунтазам дар нашрияҳо, маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои даврӣ нашр мегардиданд. Зиёда аз сад мақолаву рисолаҳои пурарзиши илмӣ таълиф намуда, бо ин дар рушду таҳаввули адабиёти давр саҳм гузоштанд. Дар миёни таълифоташон, таҳқиқоти анҷомдодаи устод атрофи зиндагинома ва мероси адабии шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода мавқеи назаррас дорад. Натиҷаҳои пажӯҳиш аз таҳлилу таҳқиқи рӯзгор ва осори адиби мардумӣ, махсусан, дар баёни ҳунар ва услуби хосси шоирии Саидалӣ Вализода, аз аҳаммияти илмию адабӣ бархурдор буда, дар монографияи илмиашон таҳти унвони «Шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода» дастраси адабпажӯҳон ва аҳли завқ гардид ва ин таҳқиқоти устод барои муарифӣ намудани чеҳраи адабии шоир маводи фарогире ба шумор меравад. Ба андешаи мо, маҳз ба василаи ҳамин пажӯҳиш, бори аввал мавзуъҳои роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адибони Кӯлоб бахшидашуда, ба доираи илмии адабнигорӣ ва фарҳангпажуҳии тоҷикӣ ворид гардид.
Ба гуфтан меарзад, ки фаъолияти адабпажӯҳии устод Чалишев Соат ба сифати фолклоршинос хеле ҷолибу пурбор мебошад ва ин ҷиҳат боиси баҳси алоҳида аст. Чунонки аз номгӯи таълифоти ӯ бармеояд («Саидалӣ Вализода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёт (1985), «Шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Ва¬лизода (1990), «Маъруфи Раҷаб. Тадқиқи таърих-тадқиқи характер» ( 1990), «Фолклори диёри Восеъ» (1993), «Дастур оид ба ҷамъоварии намунаҳои фолклор» (1998), «Саидҷон Ҳакимзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёт (1998), «Фолклори Муъминобод», Барномаи таҷрибаи фолклорӣ (1990), мақолаҳои илмӣ бо ановини «Саидалӣ Вализода», «Бобоюнус Худойдодзода» (дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» ва «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик»), «Ҳаҷв дар ашъори Саидалӣ Вализода» (дар маҷмӯаи илмӣ (серияи филологӣ), Кӯлоб, 1978), «Маҳбуби халқ», (дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва ғайра), ба қалами устод тааллуқ доранд. Чунонки дар боло овардем, устод бисёр аз намояндагони адабиёти шифоҳии тоҷик, бахусус, намояндагони адабиёти шифоҳии минтақаи Кӯлобро кашфу таҳқиқ ва осори онҳоро баррасӣ ва нашр намудаанд. Устод Чалишев дар давоми фаъолияти илмиашон аҳволу осори бисёр суханварони номашҳуру номаълуми минтақаи ҷануби кишварро низ борикбинона ба риштаи таҳқиқ гирифта мақомашонро дар таърихи адабиёти шифоҳии тоҷик муайян кардаанд.
Муҳаққиқи пуркор бо таҳлили густурда ва нигоҳи хосси худ ба паҳлӯҳои гуногуни осори пурсамари адибони Хатлонзамин нозукхаёлона нигариста, бар асари кундуковҳои хеш адабпарварони Тоҷикистонро бо осори як идда аз суханварони боистеъдоди ин диёри шоирхез ошно сохтаанд. Таълифоти фарогири мавзуи фолклор, ки давоми фаъолияти илмии худ устод Чалишев Соат пешниҳоди аҳли илм ва дӯстдорони адаб намудааст, метавонад, дар таълифи рисолаҳои илмӣ ва китобҳои пажӯҳишӣ ба олимони ояндаи соҳа кумак намояд.
Боиси таассуф аст, ки устод Чалишев Соат натавонистанд ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон мақолаҳои худро, ки арзиши баланди илмиро доро мебошанд, ба шакли китоб дароранд ва онро дастраси хонанда гардонанд. Имрӯз қисми ками онро дар даст дорем ва умед аст, бо кумаки дастаҷамъии шогирдон, осори устод дар маҷмуъ ҷамъоварӣ гардаду рӯйи чопро бинад.
Алҳол умед бар он мебандем, ки роҳи паймудаи устод Чалишевро дар ҷодаи илм ҷавонони хушзавқ ва дилбохтагони кори эҷодӣ идома хоҳанд дод.
Равонашон ба мину бод!
Ашурова Нодира, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment