Home АНДЕША ИҶРОИ БЕДАРЕҒИ РИСОЛАТ

ИҶРОИ БЕДАРЕҒИ РИСОЛАТ

by admin
16 views

(Назаре ба фаъолияти пурифтихори профессор Абдулло Ҳабибулло)

Олимону донишмандон дар тӯли таърих ҳамчун нуру зиёи ҷомеа шинохта шудаанд, ки бо донишу таҷриба ва заҳмати пайвастаи худ роҳи пешрафту рушдро равшан месозанд. Онҳо на танҳо ба илму дониш ва кашфи ҳақиқатҳои нав, балки бо фаъолияти илмӣ ва фарҳангии худ заминаи устувори рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавиро фароҳам меоранд.

Нақш ва ҷойгоҳи чунин шахсиятҳо дар ҷомеа аз он ҷиҳат волост, ки онҳо бо садоқати комил ба касбу пеша арзишҳои инсонӣ ва фарҳангиро низ ҳифз ва густариш медиҳанд. Фидокорӣ, масъулияти баланд ва руҳияи созандагии аҳли илму дониш мисли чароғест, ки роҳи дигаронро равшан намуда, илҳоми таҳқиқотӣ ва эҷодиро дар дилҳои шогирдон ва ҳамкасбон бедор месозад.

Иродату муҳаббати олимон ба касбу пеша аз вафодории бепоён ва масъулияти бузурги садоқати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо маншаъ мегирад. Ин гурӯҳ инсонҳои комил ба зебоӣ ва ҳикмати ҳаёт аз нигоҳи илм менигаранд ва аз рӯи муҳаббат ба миллату кишвар қадам мегузоранд. Маҳз ҳамин руҳияи садоқатмандӣ ва ҳадафмандӣ боиси он мегардад, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ифтихор сабт шавад ва осори илмию фарҳангиашон ҳамчун сарвати маънавӣ ба наслҳои оянда мерос монад.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ, ки имрӯз 80-солагии таъсиси он таҷлил карда мешавад, ҳамчун яке аз нахустин марказҳои илму маърифат дар муддати фаъолияти хеш ҷойгоҳи баланд пайдо намудааст. Ин боргоҳи илму дониш дар рушду пешрафти соҳаи маориф ва илм нақши муассир дорад. Дар домони поки он ҳазорон фарзандони номвару фарзонаи миллати тамаддунофар ба камол расида, дар роҳи хизмат ба халқу ватан бо садоқату устуворӣ гомҳои арзанда гузоштаву гузошта истодаанд.

Яке аз чунин шахсиятҳои фарҳехта ва донишманди асили тоҷик — Табарӣ Абдулло Ҳабибулло аст, ки бо фаъолияти масъулиятшиносонаву худогоҳона, хештаншиносонаву меҳанпарастона дар мақоми ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012-2020) намунаи олии роҳбари созанда ва инсонияти комилро таҷассум менамояд. Имрӯз, дар марҳилае, ки аҳли заҳматқарину ватандӯсти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо роҳбарии ректори ҷавону умедбахш дотсент Сафарзода Мунир Ватан ба таҷлили 80-солагии таъсиси ин кохи илму маърифат омодагӣ дида истодаанд, ёдовариву қадршиносӣ аз хидматҳои шоистаи устод Табарӣ Абдулло Ҳабибулло нишонаи эҳтиром, масъулият ва садоқати фарзандиву шогирдӣ ба шахсияти ӯ мебошад. Барои банда низ боиси ифтихор аст, ки муддате шарафи ҳамкорӣ ва шогирдии устоди иззатманд, профессор Абдулло Ҳабибуллоро соҳиб будам ва ҳар чизи имрӯз дар масири кору фаъолият ба ман даст дода, аз баракати мактаби инсондустӣ ва маърифатпарварии ӯ маншаъ мегирад.

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло соли 1985 факултаи физика ва математикаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)-ро бо «дипломи аъло» хатм намуда, фаъолияти илмӣ-педагогиро дар ҳамин боргоҳи маърифат оғоз кардааст. Солҳои минбаъда ӯ дар вазифаҳои муҳимми илмӣ ва идорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият намуда, рисолаи номзадӣ ва доктории худро бо мавзуъҳои соҳаи назарияи алгебравӣ ҳимоя кард.

Тадқиқоти илмии ӯ ба масъалаҳои ҳалшавандагии алгоритмӣ, айниятҳо ва сохторҳои квазигурӯҳҳо бахшида шуда, бо пешниҳоди усулҳои нав ва ҳалли масъалаҳои печида, аз ҷумла «Проблемаи В.Д. Белоусов», саҳми назаррас дар пешрафти илм гузоштааст. Дар адабиёти илмӣ истилоҳи «Теоремаи Табаров» низ истифода мегардад.

Ба монанди аксари устодони фидокору ватандӯст, ки бо заҳмати пайваста дар роҳи илму таълим умри азизро сарф карда, имрӯз низ дар хизмати халқу ватан мебошанд, устод Абдулло Ҳабибулло низ дар даврони фаъолияти кории худ ба ҳайси роҳбар дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тамоми дониш, таҷрибаи касбӣ ва малакаи худро бедареғ, бидуни ҳарос аз оянда дар роҳи хидмат ба ин халқу ин сарзамин сарф намудааст. Лозим ба таъкид аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар муҳлати ректории роҳбарони дигари ин муассиса  ба дастоварду музаффариятҳои чашмрасе ноил гардидаву устодони донишгоҳ аз шогирдону тарбиятгирифтагони ин боргоҳ ба таври сазовор ифтихор низ доранд. Вале бояд эътироф намуд, ки ин боргоҳи илму маърифат пешрафт ва таҷдидеро, ки дар муддати омодагӣ ба ҷашни 70-солагии таъсис бо роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, профессор Табарӣ Абдулло Ҳабибулло ҳосил кард, беқиёс аст. Таҷлили ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб» аз 2-юми сентябри соли 2014 таҳти рақами 565 якуми сентябри соли 2015 дар  «Рӯзи дониш» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар маркази ободкориҳои бузург бинои нави таълимии 7-ошёна нигине дар ангуштарини тиллоии шаҳр гардид, ки ин барҳақ, инояти хусравонии Ҷаноби Олӣ ба донишҷӯёну устодон ва кулли шаҳрвандони кишвар, хоса шаҳри бостонии Кӯлоб бахшида ба ҷашни бошукуҳи муассиса ба шумор рафта, натиҷаи заҳмат, талош ва пайгирии ҳамешагии Абдулло Ҳабибулло аз сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат дониста мешавад. Инчунин, хуб дар ёд дорам ва бояд низ қайд намоям, ки таклифи бунёди бинои наву замонавӣ барои донишгоҳ зимни баргузории мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб 29-уми октябри соли 2013 аз ҷониби устоди Роҳбари давлат, омӯзгори асилу зиёии хирадафрӯз Иззатуллоев Куган (рӯҳаш шоду ёдаш ба хайр) зимни суҳбати гарму самимӣ ба Ҷаноби Олӣ манзур гардиду Сарвари давлат онро бо камоли майл пазируфтанд. 

Дар воқеъ, фаъолияти пурсамар ва созандаи Абдулло Ҳабибулло дар маснади ректории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамеша дар чаҳорчӯби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатӣ, инчунин қарору супоришҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм роҳандозӣ гардида, маҳз дар ҳамин давра донишгоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Ӯ зиёда аз ҳафт сол ин боргоҳи илму донишро бо садоқату масъулияти баланд раҳбарӣ намуд. Бо ҳамдастии самимонаи ҳайати профессорону дотсентон, устодони соҳибтаҷриба ва омӯзгорони ҷавони соҳибмаҳорат донишгоҳ дар рушди илм ва тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда гузошт. Давраи роҳбарии профессор Абдулло Ҳабибулло марҳилаи дигаргуниҳои куллӣ ва ифтитоҳгари саҳифаҳои тозаи таърих дар фаъолияти донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла, дар замони роҳбарияшон танҳо дар муқоиса бо соли таҳсили 2012-2013  шумораи синфхонаҳо 79 адад зиёд гардида, дар натиҷа 2255 ҷойи нави нишаст фароҳам оварда шуд. Дар солҳои 2014-2015 бошад, биноҳои таълимӣ, маҷлисгоҳҳои назди факултетҳо ва хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Сохтмони нотамоми бинои таълимӣ дар кӯчаи Пушкини шаҳри Кӯлоб бо ташаббусу иқдоми роҳбарият ба анҷом расид, ки натиҷаи ин тадбири шарафмандона  Муассисаи томактабӣ-кӯдакистон барои фарзандони устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бо унвони “Ситора”-ро ба армуғон овард, ки имрӯз яке аз беҳтарин муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Кӯлоб ба шумор меравад, ки ин  макони муқаддасе барои тарбияи фарзандони омӯзгорони донишгоҳ ва сокинони шаҳри бостонӣ гардидааст. Ҳамзамон, синфхонаҳои иловагӣ, синфи муҷаҳҳази компютерӣ, коргоҳи дӯзандагӣ дар технопарк, мағозаҳои китобфурӯшиву хӯрока дар назди хобгоҳ, қаҳвахона, марказҳои хизматрасонӣ, ошхонаҳо ва дигар иншооти маишӣ бунёд гардида, оби нӯшокӣ ба дохили бинои хобгоҳ интиқол дода шуд. Ҳамчунин ба масъалаи беҳсозии шароит дар истироҳатгоҳи “Бешаи сабз”-и муассиса дар ноҳияи Муъминонбод (ҳоло Лагери истироҳатӣ-таҷрибавии “Истиқлол”) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин ҷиҳат иқдомоти шоистае рӯйи даст омада, корҳои чашмрасе низ анҷом дода шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Донишгоҳи электронӣ» дар марҳилаҳои муайян заминаи модӣ ва техникии муассиса васеъ гардида, чаҳор маркази тестӣ дар факултетҳои иқтисод ва идора, физика ва математика, молиявию иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Барои баланд бардоштани шаффофияти таълим дар даромадгоҳҳои биноҳои маъмурӣ ва факултетҳо таҷҳизоти бақайдгирӣ бо усули «изи ангушт» гузошта шуда, дар синфхонаҳои факултаи филологияи хориҷӣ камераҳои назоратӣ насб гардиданд. Дар ин баробар, шабакаи дохилӣ, хати телефони донишгоҳӣ ва пайвасти доимии интернети баландсуръат тавассути хати нурӣ фароҳам оварда шуд.

Дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ» ду лоиҳа ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардида, натиҷаи он таъсиси лабораторияи биологӣ дар факултети химия ва биология ва таҷҳизонидани маркази рушди касбият ва инноватсия бо мақсади омодасозии донишҷӯдухтарон ба бозори меҳнат, дар амал татбиқ гардид.

Бо ибтикори роҳбарият, аз соли 2014 то 2020 донишгоҳ барои дастгирии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон озмунҳои лоиҳаҳои хурдро баргузор намуд. Соли аввал 10 ва соли 2015 — 30 лоиҳа ҳар кадом бо маблағи 3000 сомонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин иқдом боиси таъсиси маркази истеъдод ва ихтироъкорони ҷавон гардида буд. Имрӯз фаъолияти зангҳои электронӣ дар факултетҳои донишгоҳ аз самарҳои боровари лоиҳаҳои мазкур аст.

Устод Абдулло Ҳабибулло ҳангоми роҳбарии донишгоҳ ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат медонистанд. Дастгирии ин қишри ҷомеаи донишгоҳро ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ  қарор дода, тамоми тадбирҳои созандаро дар ин масир бечуну чаро иҷрову амалӣ мегардониданд. Шоҳид ҳастам, ки бо ҳар як муҳаққиқ ва унвонҷӯ суҳбат ороста доир ба мушкилоту норасоӣ дар роҳи пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пурсон мешуд ва аз рӯи зарурат дар ҳалли мушкилоти мавҷуда шахсан худашон иқдом карда, бо тарафи дигар, ки дар ҳалли масоили мавҷуда нақши муассир доштанд, дар тамос мешуд. Маҳз аз самари сахтгириву роҳнамоии оқилонаи ӯ муҳаққиқон ва унвонҷӯён ба корҳои илмӣ бо завқи беандоза ҷалб гардида, натиҷаҳои шоёне ба даст оварданд. Ҳатто дар донишгоҳ барои назорат ва таҳкими ин раванд, санҷишҳои марҳилавии унвонҷӯён роҳандозӣ гардид, ки то ба имрӯз ҳамчун «мактаби кадромоданамоии Табарӣ Абдулло Ҳабибулло» мавриди эътироф қарор дорад. Нуктаи ҷолибу хотирмони дигар дар ин ҷиҳат он аст, ки устод бо хушнудӣ ва ҳисси ризоият аз таваҷҷуҳи пайваста ба ин самти ҳаётан муҳим борҳо зимни суҳбату муколамаҳо баён медошт, “ин боғи мо дар оянда самараи дилхоҳ хоҳад дод”. Манзурашон муҳаққиқону унвонҷӯёне буданд, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сафарбар мегардиданд. Воқеан ҳам, мо худ шоҳид ҳастем, ки ин боғи муаттар самараи некӯ ба бор овард ва теъдоди кормандони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ дар муассиса ба маротиб афзуд.  Ҳар нафаре, ки дар он ҳангом ба ин самту ҷода ба таври қатъӣ раҳсипор гардид, ин нуктаро тасдиқ хоҳад кард.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба китобхона зоҳир гардида, фонди умумии он ба 480805 номгӯй китоб расонда шуд. Бо ташкили парки технологӣ озмоишгоҳи муосири таҳлили об таъсис ёфта, бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардид. Маркази ҳунарҳои мардумӣ низ таъсис дода шуд, ки намунаҳои чакандӯзӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва амсоли онро фаро мегирифт.

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ низ дар давраи роҳбарии ӯ рушду густариш ёфта, дастовардҳои муҳимми молиявию зеҳнӣ овард. Лоиҳаи байналмилалии «EXTEND» ба маблағи умумии 238 833,90 сомонӣ таҷҳизоти муосир ворид намуда, маркази тақвияти педагогиро таъсис дод. Танҳо дар соли 2019 бисту панҷ нафар омӯзгорон дар семинару конфронсҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.

Бо дарназардошти чунин дастовардҳо, Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Швейтсария (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро шоистаи гирифтани иҷозатнома ва Ҷоизаи байналмилалии сифати Аврупо эътироф кард.

Солҳои 2018-2019 бо ибтикори роҳбарият дар саҳни донишгоҳ муҷассамаи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат қомат афрохтанд, ки ҳар лаҳза бинандагони ин тандисҳои бошукуҳро ба худшиносии миллӣ водор мекунанд.

Ҳамчунин, бо саҳми ҳайати омӯзгорону устодон ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар маркази шаҳри Кӯлоб  боғи фарҳангӣ-фароғатии муосир сохта шуд. Ин ташаббус аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон дастгирӣ ёфта, дар зарфи се моҳи тобистон, бо қувваи худӣ ва сохтмончиён  боғ бо тамоми иншооту василаҳои шоистаи муосир бунёд гардида, бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми октябри соли 2019 мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Андешаи ғолиби инҷониб дар робита ба фаъолияти ин марди наҷиб он аст, ки ӯ худро ҷисману руҳан ба донишгоҳ бахшид, бо ҳама ҳастӣ дардҳои онро бар дӯш гирифт ва имрӯз ҳамон дардҳои маҳфуз дар тану ҷон, дар вуҷуди ин донишманди тавоно метапанд. Он бори гарони душвориҳои маънавиеро, ки бар худ гирифта буд, имрӯз дар пайкари ин олими фарҳехта мезиянд.

Ҳамин тариқ, фаъолияти беназир ва ибтикороти судманду навовариҳои муассири профессор Абдулло Ҳабибулло дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гувоҳи равшани масъулиятшиносӣ, садоқатмандӣ ва меҳри беандоза ба илму маърифат мебошад. Ӯ ҳамчун шахсияти барҷаста на танҳо роҳбари донишгоҳ, балки роҳнамои маънавӣ ва илҳомбахши даҳҳо устодону ҳазорон донишҷӯёни кишвар гардид.

Нақши ӯ дар таҳкими пояҳои илмӣ, рушду ободии муассиса, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон барои ҳамеша дар таърихи ин боргоҳи маърифат сабт хоҳад шуд. Силсилаи дастовардҳои донишгоҳ дар замони роҳбарии ӯ ҳамчун намунаи ибратбахш барои наслҳои оянда боқӣ мемонад.

Ҳақиқатан, номи профессор Абдулло Ҳабибулло бо дониш, садоқат ва саҳми бузургаш дар рушди маорифу илми кишвар дар саҳифаҳои тиллоии таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Матлабро бо таманнои хайри адиби маҳбуб Файзи Ашӯр, ки аз самари лутфу ҳамкориҳо бо ин марди наҷиб болои саҳфа овардааст,  ба охир мерасонам:

Эй дӯст, машав бемор, бемор кунӣ моро,
Бемор ба ҳам кӯбад рӯзу шаби дунёро.
Сахт аст туро дидан афсурдаву беғайрат,
Он қадр, ки созад об ашкам дили хороро…
Кӯлоб хабар дорад аз қиссаи хубият,
Бояд, ки кунем огоҳ Шерозу Бухороро.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment