Home ХАБАР

by admin
17 views

Субҳи 18-уми октябри соли 2025 дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи умумии пагоҳирӯзӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ин чорабинии варзишӣ дар заминаи татбиқи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди фарҳанги варзиш дар байни ҷавонон роҳандозӣ гардида, яке аз бахшҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси донишгоҳ ба шумор меравад.

Машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъона ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими тарбияи ҷисмонӣ ва равонӣ, на танҳо ба тансиҳатии иштирокчиён мусоидат намуд, балки ҳисси иттиҳоду бародариро дар миёни донишҷӯёну омӯзгорон мустаҳкам кард. Варзиш ба афзоиши нерӯи ирода, танзими тарзи зист ва болоравии рӯҳияи миллӣ мусоидат менамояд.

Бо дастгирии доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори соҳаи варзиш, имрӯзҳо шароити зарурӣ барои баргузории машқҳои мунтазами ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳайё гардидааст.

Дар ин замина, машқҳои варзишии ҳаррӯза ва ҳафтаина дар донишгоҳ ба як анъанаи нек табдил ёфта, фазои солим ва рӯҳияи масъулиятшиносии ҷавононро тақвият мебахшанд.

Related Articles

Leave a Comment