Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъона бо иштироки ҳайати роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ин иқдом дар заминаи пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, густариши фарҳанги варзиш ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ҷисмонӣ роҳандозӣ шуда, ҳамзамон ҳамчун бахше аз омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии таъсиси донишгоҳ дониста мешавад.
Машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ на танҳо василаи обутоб додани бадан, балки амале мебошад, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ваҳдат миёни ҷавонон мусоидат мекунад. Варзиш дар баробари саломатӣ, заминаи рушди ирода, ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандонро низ муҳайё месозад.
Таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди соҳаи варзиш, бунёди инфрасохтори муосир ва дастрасӣ ба шароити беҳтар барои ҷавонон имкон фароҳам овардааст, ки донишгоҳҳо низ дар ин самт нақши пешбар дошта бошанд. Машқҳои пагоҳирӯзии ҳамешагӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки ҳар ҳафта бо иштироки ҳайати раёсат ва кормандону донишҷӯён доир мегардад, саҳми назаррас дар ташаккули муҳити солиму неруманд ва муттаҳид хоҳад гузошт.
Иштирокдорони машқи имрӯза бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳоро пайваста ҷонибдорӣ намуда, дар ҳама чорабиниҳои варзишиву ҷамъиятӣ фаъолона иштирок хоҳанд намуд.