Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо таърихи пурифтихор ва саҳми арзанд ааш дар рушду такомули илму маориф дар радифи куҳантарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қарор дорад, моҳи сентябри соли 2025 ба марҳилаи нави фаъолияти худ-ҷашни 80-солагии таъсис, ворид мегардад.
Ба истиқболи ин санаи муҳим ва таърихӣ, роҳбарияти донишгоҳ дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ иқдомоти васеи ободониву созандагиро амалӣ намуда истодаанд.
Дар доираи омодагиҳо як силсила корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Аз ҷумла:
• Гулкорӣ ва сабзазорсозӣ: Дар саҳни бинои асосии донишгоҳ гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, майдонҳои сабз бо системаи муосири обпошӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ин иқдомҳо на танҳо ба зебоии муҳити муасиса хизмат мекунанд, балки завқи зебоишиносии донишҷӯёнро низ тақвият мебахшанд;
• Навсозии даромадгоҳи бинои маъмурӣ: Даромадгоҳи асосии донишгоҳ бо тарҳи наву муосир таҷдид гардида, бо лавҳаву овезаҳои иттилоотӣ ва тарбиявӣ
зебо оро ёфтааст. Аз ҷумла, гӯшаҳои махсус бо номи “Роҳбарони донишгоҳ”, “Ташрифи Пешвои муаззами миллат ба донишгоҳ”, “Муқаддасоти миллӣ-ифтихори миллӣ”, “Қаҳрамонони Тоҷикистон” ва “Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил гардиданд, ки на танҳо арзишҳои миллӣ ва таърихиро бозгӯ мекунанд, балки манбаи илҳому тарбияи ватандӯстӣ барои ҷавонон мебошанд;
• Муҳайё сохтани утоқи қабули меҳмонон: Бо мақсади боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ва таҳкими фазои меҳмондӯстӣ, як утоқи махсуси муосир ва барҳаво барои қабули меҳмонон бо тарҳи миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон омода ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Иқдомоти мазкур, ки дар доираи таҷлили ҷашни 80-солагӣ амалӣ мешаванд, ба тавсеаи муҳити зеб
ою созанда, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти эҳсоси худшиносии кормандону донишҷӯён равона гардидаанд.
Раёсати донишгоҳ таъкид мекунад, ки корҳои ободонӣ ба ҳамин ҳад махдуд нашуда, дар соли ҷорӣ як силсила лоиҳаҳои нави рушди инфрасохтор, таҷдиди заминаи моддиву техникии таълим ва таҳкими равобити байналмилалӣ дар назар дошта шудаанд.