Home ХАБАР ДДК: ЛАГЕРИ ИСТИҚЛОЛ-БАРОИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА МУҲАЙЁ ШУД

ДДК: ЛАГЕРИ ИСТИҚЛОЛ-БАРОИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА МУҲАЙЁ ШУД

by admin
11 views
Иқдоми дастаҷамъонаи тозакориву ободонии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар остонаи оғози мавсими тобистона дар Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди муассиса дар ноҳияи Муъминобод
Бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳрагирӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаи Роҳбарияти олии кишвар рӯзи 22 июни соли 2025, ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори
донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, дар лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди муассиса, воқеъ дар ноҳияи Муъминобод, корҳои дастаҷамъонаи ободониву покизакориро ба анҷом расониданд.
Ин иқдоми созанда дар остонаи оғози фаъолияти мавсимии лагер баргузор гардид ва ҳадафи асосии он фароҳам овардани муҳити тоза, созгор ва фароғатӣ барои фарзандони омӯзгорон, ки дар се давра дар лагер ба таълиму фароғат фаро гирифта мешаванд, дар назар дошта шудааст.
Дар доираи ин ташаббуси ободонӣ, муҳити лагер аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза гардида, роҳравҳо, гирду атрофи утоқҳои хоб ва майдонҳои бозӣ поккорӣ шуданд. Илова бар корҳои тозакорӣ, корҳои сабуки таъмиру тармими утоқҳо низ амалӣ гардид, ки ин ҳама барои фароҳам сохтани фазои мусоид ва орому гуворо замина фароҳам овард.
Ҳамзамон, бо оғоз шудани мавсими рухсатии меҳнатӣ, роҳбарият ба фароҳам сохтани шароити муносиб барои истироҳати устодону кормандон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Ҳар сол дар рӯзҳои рухсатии тобистона, лагери «Истиқлол» макони истироҳати омӯзгорон мегардад ва бо сабаби ҷойгиршавӣ дар минтақаи зебоманзар, яке аз нуқтаҳои дӯстдоштаи кормандон ба шумор меравад.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои дастаҷамъона на танҳо таъмини муҳити мусоид барои кӯдакон ва наврасон аст, балки фароҳам сохтани шароити орому бароҳат барои худи кормандону устодоне мебошад, ки пас аз як соли пурзаҳмати корӣ ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд ва ба истироҳати шоиста ниёз доранд.
Ин амал то ҷое эҳсоси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва муносибати ғамхорона бо муҳити зистро дар ҳайати кормандон таҳким бахшида, рӯҳияи коллективиро тақвият мебахшад. Раёсати донишгоҳ минбаъд низ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин иқдомҳои созанда пуштибонӣ менамояд.

Related Articles

Leave a Comment