Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва санади сарнавиштсоз дар хотираи мардуми тоҷик сабт гардидааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ба барқарории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт ва заминаҳои рушду пешрафти минбаъдаро муҳайё намуд.
Ваҳдати миллӣ, чун неъмати гаронбаҳо ва муқаддас, дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ, ба унвони унсури муҳими ҳастии миллӣ ва бақои давлатдории тоҷикон шинохта мешавад. Дар шароити муосири бархӯрди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо, таҳдидҳои глобалӣ ва дигар омилҳои номатлуб, таъмини суботи сиёсӣ, идеологӣ ва дарки амиқи моҳияти Ваҳдати миллӣ, аҳамияти ҳаётӣ пайдо намудааст.
Ба шарофати сулҳу ризоияти миллӣ, Тоҷикистон тавонист сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намояд, бо кишварҳои ҷаҳон робитаҳои гуногунсоҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монад ва ба созмонҳои байналмилалӣ бипайвандад. Дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои иқтисодию сиёсӣ ва байналмилалӣ гардид, ки ҳамаи ин натиҷаи мустақими Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро водор месозад, ки ба қадри арзишҳои муқаддаси миллӣ-Истиқлолият, озодӣ, рамзҳои давлатӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳанги миллӣ бирасад. Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи миллат шароити мусоид фароҳам оварданд, ки заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди устувори давлат гузошта шавад.
Ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ натиҷаи сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии кишвар, бахусус талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарварии хирадмандона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат, фаъолияти ҳамоҳанг ва муассири сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, инчунин эътимоди ҷомеа ба ин неруҳо ба ҳифзи сулҳ ва рушди ҷомеа мусоидат карданд.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо арзиши миллӣ, балки ҷаҳонӣ касб намудааст. Он метавонад ба ҳайси намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни дунё мавриди истифода қарор гирад. Ин таҷрибаи нодир, ки баргардонидани беш аз як миллион гуреза ва ҳамгироии иҷтимоии онҳоро дар бар гирифт, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла СММ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамчун модели беназири сулҳофаринӣ эътироф гардидааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеаанд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, аз хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳӣ дошта бошанд ва сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро чун сармояи бебаҳои миллӣ эҳтиёт кунанд. Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус насли ҷавон аст. Зеро бедории сиёсӣ ва миллии ҷавонон кафолати озодӣ, амният ва рушду шукуфоии кишвари азизамон мебошад.
Каримҷонзода Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ