Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони пурқувват аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар ҷамъ омада, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Қурбонов Абдулло, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар вазни 78 кг иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гардид. Номбурда бо медали биринҷӣ ва диплом қадрдонӣ карда шуд.
Раёсати донишгоҳ варзишгари ҷавон Қурбонов Абдуллоро барои ин муваффақият табрик гуфта, ба ӯ дар таҳсил, варзиш ва ҳаёти минбаъда барору комёбиҳои бештар орзу менамояд.