Home ЭЪЛОНҲО ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

by admin
18 views
Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба диққати хоҳишмандон мерасонад, ки марказ фаъолияти худро барои мактаббачагон дар таътили тобистона низ ба роҳ мемонад. Марказ мутобиқи дархости мизоҷон курсҳои забономӯзиро (забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ ва олмонӣ) ташкил намуда, дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат ва хулосаҳои психологиву ҳуқуқӣ низ медиҳад.
Марказ корро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда, имкон дорад хизматрасониҳои худро тариқи ҳузурӣ ба мизоҷон пешниҳод намояд. Ҳамзамон дар баробари ин дар марказ омӯзиши курсҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба довталабон мутахассисони варзида дарс мегӯянд.
Бақайдгирии довталабон дар курсҳо то санаи 1-уми июн идома хоҳад кард.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С. Сафаров 16, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бинои таълимии №2 (факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг), ошёнаи 1-ум
ТЕЛЕФОН: 976-11-23-23; 555-69-00-66: 987-92-44-11:

Related Articles

Leave a Comment