Бо чунин ном имрӯз (08.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати устодону донишҷӯён бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҳафтаи поси хотир баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълим, дотсент- Абдусамадзода Эраҷ, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб- Исмоилзода Саймурод, раиси Шурои ҷанговарони башардӯсти минтақаи Кӯлоб-Раҳмонов Бахтиёр, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб-Давлаталӣ Амиров, генерали мустаъфӣ, омӯзгори кафеддраи мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ-Азимов Раҷабалӣ, инчунин собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ карданд.
Кори ҳамоиш бо садод додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар идома муовини ректор оид ба таълим дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни ироаи сухани ифтитоҳии ҳамоиш таъкид дошт, ки дар саҳифаҳои таърихи ҳар халқу давлат санаҳои муҳиму пурифтихоре аз шуҷоату қаҳрамонии гузаштагон сабт гашта, ки имрӯз аз онҳо ба некӣ ёд мекунанд. Таърихи миллати куҳанбунёди мо низ аз далериву корнамоиҳои мондагори ниёконамон орӣ нест. Пирӯзӣ бар фашизми истилогар муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ буд, ки дар он фидокориҳои ибратомӯзи падарону бобоёни мо кам набуд. Имрӯз мо бо ифтихор ин санаи муҳимро ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн мегирем ва аз қаҳрамониҳои бузургонамон ёд мекунему меболем.
Ишора рафт, ки 9-уми май на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи фахру шараф, қаҳрамонӣ ва ватандӯстии мардумони мо мебошад. Ҳамасола дар ҳошияи ин санаи таърихӣ дар кишвари мо ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардида дар онҳо хотираи ҷанговарону иштирокчиёни заҳматкаш ва муборизони ақибгоҳ, ки бо ҷоннисорӣ ва қаҳрамониҳои бемисли худ барои ҳимояи Ватан ва озодии башар мубориза бурдаанд, бо эҳтирому самимияти хос гиромӣ дошта мешавад. Дар воқеъ, ин санаи таърихӣ, барои мардуми мо ва тамоми инсоният рамзи пирӯзии адолат бар зулмот, нур бар торикӣ ва зиндагӣ бар марг аст.
Дар зимн таъкид гардид, ки дар кишвари азизи мо дар рӯзҳои истиқбол аз ин санаи таърихӣ ҳафтаи аввали моҳи май “Ҳафтаи поси хотир”, ҳамчун як рӯйдоди муҳими ахлоқиву фарҳангӣ доир мегардад ва дар меҳвари он арҷгузорӣ ва эҳтироми амиқ нисбат ба гузаштагон дар назар дошта мешавад. Моҳияти асосии он-парвариши эҳсоси ватандӯстӣ, садоқат ба таърих ва гиромидошти фидокориҳои наслҳои пешин дар зеҳни насли нав мебошад.
Дар ин фурсат аз омӯзгорону кормандони муҳтарами донишгоҳ, ки дар замони як соли сипаригардида олами ҳастиро тарк гуфта, вале бо корнома ва фаъолияти шарафмандонаи худ дар тарбияи насл, таҳкими дониш ва рушду пешрафти ҷомеа нақши басо арзишманд гузоштаанд, аз ҷумла. Куган Изатуллоев, Ғоиб Мирзо, Сайдаҳтам Юнусов, Бозор Қурбон, Ҷамил Муродов, Ислом Носиршоев, Дониёр Абдуллоев, Мадисо Садуллоев, Алӣ Носиров, Содирхон Ашуров, Мирзошариф Каримов, Раънохон Давлатова, Абдулҳай Қаландаров, Саидасрор Қаландаров, Темур Муродов ва чанде дигарон ёд карда шуд. Гуфта шуд, ки ҷойи онҳо дар канори мо холист, вале меҳру муҳаббат, фазилату насиҳатҳои неки онҳо то абад дар қалбу рӯҳи мо боқӣ хоҳад монд.
Дар ин радиф бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти густурдаи ҳайати фарҳехтагони муассиса баён гардид, ки Донишгоҳ имрӯз бо номи фарҳехтагони илму адаби кишвар, шоҳкориҳои безаволу шоистаи таҳсини кормандону тарбиятёфтагони ин боргоҳи илму маърифат, аз ҷумла академик С.К.Каримов, Тағай Раҳмонов, Саидхуҷа Азизов, профессор Раҳмат Акбаров, Ҷумъа Шарифов, Раҳим Саидов, Шовалӣ Саидҷаъфаров, Қаюм Сангов, Иззатулло Тамлихоев, Зафар Мирзоён ва бисёр нафарони дигар, ки дар оғӯши ин боргоҳи илму маърифат, парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, ходимони варзидаи илмиву сиёсӣ, ҳомиёни ҷонфидову эҳёбахши адабу фарҳанги миллӣ, парвариш ёфтаву аз ҳамин даргоҳи муқаддас ба ҷодаи камолот гомҳои устувор гузоштаву номи донишгоҳи азизи хешро то қуллаҳои баланди шуҳрат бурдаанд ва аз худ чун ситораҳои дурахшони илму ҳунар ва зиёиёни асилу хирадафрӯз дар таърихи давлату миллат ба ҷовидон ном гузоштаанд, ифтихор мекунад. Ёди ин азизон ҷовидон ва руҳашон шод бод.
Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш, Азимов Раҷабалӣ-генерали мустаъфӣ, омӯзгори кафедраи мудофиаи граждании донишгоҳ дар мавзуи “Ёди мардони шуҷоъ”, Бадалов Исфандиёр-муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики муассиса дар мавзуи “Таҷассуми ҶБВ дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Исмоилзода Саймурод, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, Раҳмонов Бахтиёр, раиси Шурои ҷанговарони башардӯсти минтақаи Кӯлоб, Давлаталӣ Амиров, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб, Холиқов Сафар, дотсент мудири кафедраи химия перомуни масоили марбут ба Рӯзи Ғалаба ва корномаи фарзандони шуҷоъ ибрози андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.