Санаи 18.04.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он мизи мудаввар таҳти унвони “Нақш ва мақоми санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва технология (таълими меҳнат) дар рушди саноаткунонии кишвар” бахшида ба 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ баргузор гардид.
Дар кори он мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Ёрматзода Алишер, дотсенти кафедра Мирзоева Бунафша, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини декан оид ба илм инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Ёрматов Алишер оғоз гардид. Дар идома мудири кафедра, дотсент Шералиева Садбарг оид ба маърузаҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот доданд.
Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзоева Бунафша дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон-дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” ва ассистенти кафедра Пӯлодов Амирҳамза дар мавзуи “Нақш ва мақоми санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва техналогия (таълими меҳнат) дар рушди саноаткунонии кишвар” маъруза намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва муҳокимаронии озод сурат гирифт, ки дар он ҷанбаҳои муҳими масъалаҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифт.