Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳафтаи илм бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҷамъбаст гардид.
Тавре иттилоъ дода будем, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи илми тоҷик бахшида ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030), “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (2020-2040) ва 80-солагии таъсиси муассиса Ҳафтаи илм эълон гардида, он аз 7 то 12-уми апрели соли 2025 идома ёфт. Давоми Ҳафтаи илм дар донишгоҳ тибқи барномаи мукаммалу мушаххаси баргузории ҳамоишҳои илмӣ конфронсҳои илмӣ-назариявӣ ва маҳфилҳову ҷамъомадҳо бо иштироки ҳайати васеи олимону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯён доир гардид.
Имрӯз (14.04.2025) зимни натиҷагирии ҳамоишҳои илмии Ҳафтаи илм дар донишгоҳ иброз гардид, ки дар 10 факултети муассиса 37 бахши илмӣ дар асоси равияҳои кафедравӣ фаъолият намуда, дар ин бахшҳо зиёда аз 900 мақолаи илмии устодону омӯзгорон, магистрантон, докторантони PhD ва донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамоишҳои илмӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифта, муҳтавои илмии онҳо ба масоили мубрами рушди илм, фанҳои дақиқ, инноватсия ва масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ равона шуда буданд. Ҳайати васеи олимон, устодон ва муҳассилин дар конфронсҳо ва маҳфилҳо ширкат варзида, доир ба дастовардҳои тозаи илмиву таҳқиқотии худ ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни ҷамъбасти Ҳафтаи илм, ба як гурӯҳ аз фаъолон-устодон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён-барои маърӯзаҳои беҳтарин ва иштироки фаъолона Сипосномаи раёсати Донишгоҳ супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки фишурдаи матолиби пешниҳодгардида дар маҷмӯаи маводи конфронс нашр хоҳад шуд, ки он метавонад ҳамчун манбаи муҳими илмӣ барои муҳаққиқону донишҷӯён ва рушду пешрафти илми тоҷик хидмат намояд.