Кишвари азизи мо дар марҳалаи муҳими эҳёи таърихии милливу маънавии худ қарор дорад. Дар арзи зиёда аз 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле аз суннатҳои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё шуданд ва иду ҷашнҳои мо хусусияти мардумӣ касб намудаанд. Яке аз ҳамин гуна маросимҳо таъйин ва таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки дар иртибот ба рӯзи нахустини ба табъ расидани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» (11 марти соли 1912), таъсис дода шудааст.
«Бухорои шариф» нахустин рӯзномае мебошад, ки ба забони форсии тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, дар Бухорои шариф, маркази нахустдавлати миллии тоҷикон давлати Сомониён ва маҳди эҳёи фарҳанги тоҷикон, ташкил шуд ва интишор ёфт. Ба ин маънӣ низ аз 5-уми май (рӯзи матбуоти ҳизби коммунистӣ) ба 11-уми март интиқол ёфтани Рӯзи матбуоти тоҷик як амали одилона дар барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ ва худшиносии миллии мардуми мо мебошад. Ҷашни ҳамасолаи он, бешубҳа, чӣ барои рӯзноманигорон ва чӣ барои мардуми кишвар санаи бисёр муҳим ва мавриди муносиб дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати умумитоҷикӣ ба шумор меояд.
Инак, аз нашри нахустрӯзномаи тоҷикӣ 113-сол мегузарад. Ба ин маънӣ, ҷашни рӯзномаи мазкур ва зуҳури рӯзноманигории миллӣ низ мебошад.
Рӯзнома ташаккулдиҳандаи тафаккури инсоният мебошад, тамоми ҳодисаву воқеаҳои рӯзгори инсоният таввасути рӯзномаҳо инъикос меёбад. Ҳеҷ як расонаи электронӣ ҷои рӯзномаро гирифта наметавонад, он кайфиате, ки хондани рӯзнома дорад ягон шабакаи дигар онро надорад ҳамин аст, ки устод Садриддин Айнӣ мақому мартабаи рӯзномаро дар ҷомеа амиқ дарк намуда, пайваста барои нашри он ба забони тоҷикӣ қувва ба харҷ дода навиштааст: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст».
Вазифаи публитсистон бо сухани хушу созанда ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ба бунёдкорӣ даъват кардан аст. Ҳамчунин вазифаи тарбиявӣ доштан, бахусус тарбияи ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ доштани матбуот ҳамеша муҳим буда, яке аз самтҳои асосии умури давлатдорӣ боқӣ мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳову суханрониҳои худ дар бораи таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа пайваста изҳор медорад, ки табъу нашри мавод дар саҳифаҳои матбуот дар роҳи тарбияи хештаншиносии миллӣ бояд ҳамеша дар мадди назар бошад.
Дар тарбияи шахсият нақши адабиёту фарҳанг ва матбуот зиёд аст. Яъне адибону журналистон бо навиштаҳои публитсистии худ метавонанд дар тарбияву ташаккули насли бофарҳангу ватандӯст ва бунёдкор саҳми арзандае дошта бошанд. Вазифаҳои маводу матолиб нашрӣ ин таъсиррасонӣ ва боваркунонии одамон ба мақсади ташаккули мавқеъ, таҳрик ва иттилоърасонӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи муҳими ҷомеа, аз ҷумла солимии он, гиромидошти арзишҳои меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ аст.
Гуфтан бамаврид аст, ки солҳои ахир дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба мавзуи тарбияи хештаншиносии миллӣ мақолаҳои зиёд ба нашр мерасанд ва муаллифон аксаран андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк карда, пиндорҳои худро дар мавриди расидан ба ваҳдати сартосарии миллӣ, пешниҳод мекунанд.
Мавзуъҳои асосие, ки муаллифони мақолаҳои дар матбуоти солҳои ахир ба табъ расондаанд бештар ба ваҳдати ҳақиқии миллӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ, бознигарӣ ба гузаштаи таърихии тоҷикон ва монанди он иборат мебошанд. Мо дар саҳифаҳои матбуот ба чунин сатрҳои ҷолиби баёнгари андешаҳои ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ вомехӯрем: «Ҷавонон худро ба парчами тоҷдору ҳафтситораи Тоҷикистон мепечанд, дар пироҳанҳои худ ибораи «Ман тоҷикам!», ё «I Love Tajikistan» («Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»)-ро мӯҳр мекунанд.
Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти мерос, фарҳанги таърихӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст.
Матбуоти тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ ба мавзуи ҳимоят аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва хештаншиносӣ таваҷҷуҳи шоиста дода, саҳифаҳои зиёди худро дар тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас вомегузорад, ки ин инъикоскунандаи тарғиби хештаншиносии миллӣ ва ватанпарастӣ дар саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ мебошад.
Алишери Абдулмаҷид-дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ