Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОДАР-МУРАББӢ ВА МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ

МОДАР-МУРАББӢ ВА МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ

by admin
19 views
Мусаллам аст, ки зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар Зан-Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем. Дар ситоиши Зан-Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Зеро хизмати модар барои башарият беҳаду ҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад. Дар ин бобат бузургони мо фармудаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо ва бебадал мебошад.
Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯх, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст.
Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро зан чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст.
Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад.
Яке аз омилҳои асосии рӯзгори бонизом ва некӯаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст.
Зан муназзими рӯзгори оила аст. Аз ин рӯ, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати худ ва имконияту вазъи оилавии худ дар танзими расму оинҳои мардумӣ, ки мо онро ба яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ табдил додаем, саҳми бештар дошта бошанд.
Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.
Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.
Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз шоҳид бар онанд, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии хирадмандони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя намуда, аз онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузоштан умеди бузург дорад. Занон ва бонувони кишвар бо дарки ин масъулият содиқонаву софдилона пайи иҷрои рисолати созандаву бунёдкорона ҷиҳати шукуфоии меҳани азиз камари ҳиммат бастаанд.
Ҳақназаров Толиб, н.и.п., муаллими калони кафедраи методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment