Home ХАБАР ХУШХАБАР

ХУШХАБАР

by admin
49 views
Санаи 05.03.2025 Абдуллоҷони Ҳамрохон — унвонҷӯи кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Асосҳои педагогии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳ Иброҳимов Грез, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment