Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД

БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД

by admin
30 views
Дар замони муосир мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла бо терроризму ифродгароӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд, зеро рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳи қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ин равандро густариш дода, шаҳрвандони бемаърифату беидрок соатҳои тӯлонӣ пушти роёна ва таблуи телефонҳо вақти пурқимати худро ба тамошои маводи интернетии пур аз фисқу фуҷур ва шаҳвату даъватҳои ноҷову беасоси душманони миллат, ки дар хориҷи кишвар бар ивази чанд маблағгузории “хоҷагонашон” бо ҳар роҳу восита чунин барномаву аксҳову суханрониҳои номатлубро интишор мекунанд, дода шуда, мағзшуста ва ҳувиятбохта мегарданд.
Имрӯз вазъияти хатарбори ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки инсоният бори дигар ба арзишҳои маънавӣ аз қабили инсондӯстӣ, хайру саховат, ватандӯстӣ, садоқату вафодорӣ ба марзу буми ниёгон, виҷдон ва монанди инҳо арҷгузорӣ намояд. Аммо, мутассифона, то ба имрӯз дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки ин гуна арзишҳои умумибашариро нодида гирифта, баҳри амалигардии манфиатҳои ғаразнок ва нопоки хеш ба рӯзгори ободу осоиштаи мардум халал ворид кардан мехоҳанд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи андешамандонаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм ҳамчун санади хусусияти барномавидошта тамоми тадбирҳоро баҳри пешгирии ин хатарҳои глобалӣ роҳандозӣ намуда, дар дар сафи пеши мубориза зидди хатару таҳдидҳои муосир қарор дорад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки мақсад аз қабули он пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, “ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар раванди мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа зарурати роҳандозӣ намудани чорабиниҳои пешгирикунанда, огоҳнамоии аҳолӣ, ошкор ва бартараф намудани тамоюлҳои ба ифротгароӣ мусоидаткунанда, аз ҷумла пешгирии тақлидкорӣ дар либоспушӣ, бегонапарастӣ, ҳатто таъсир расонидан дар ҳолатҳои ба ҷо наовардани муомила ва муоширати хуби шаҳрвандон бо атрофиён, ки аз нишонаҳои терроризму экстремизм мебошанд, ба миён меояд, ки муборизаи дастаҷамъонаи аҳли ҷомеаро талаб менамоянд.
Ҳамин аст, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он давлатҳое ба шумор меравад, ки зидди ифротгароӣ ва терроризм муборизаи беамон мебарад. Дар ин раванд, миёни қишри аз ҳама сернуфус ва осебпазири ҷомеа, миёни ҷавонон, ки ояндасозони миллат ҳастанд, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ гузаронида мешавад, то насли ҷавон аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошад, зеро рушди босуръати ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз илму донишандӯзии ҷавонон, соҳибхираду бозакововат ба камол расидани ин қишри ояндасоз вобаста аст.
Маҳз ин тадбирҳои ҳидоятгарона ба ободкориву созандагӣ нигаронидашуда, дар замири ҷавонон меҳру муҳаббатро ба Ватани аҷдодӣ тақвият бахшида, онҳоро ба анҷом додани амалҳои шоиставу сазовор таҳрик медиҳад.
Дар ин росто, ба ҷавонону наврасон омӯзонидани арзишҳои ахлоқу одоб аз нахустин рӯзҳои таваллуд ва минбаъд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кардан ба камолоти фарзандон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилотӣ, ҷалби онҳо ба машғулиятҳои варзишӣ, мактабҳои рассомию мусиқӣ ва китобхонӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ҷиҳати дар руҳияи инсондӯстӣ дар муносибат ба атрофиён, новобаста ба тамоюли иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ ва ҷинсии ҷавонон, таъсиси ҷойҳои корӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи оила, аҳли маориф ва ҷомеа қарор бигирад.
Дар баробари ин, имрӯз тақозо мегардад, ки ҳар як фарди кишвар муборизаро бар зидди паҳн шудани ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ вусъат бахшад. Миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монда онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем.
Мо мардуми тоҷик таърихи қадима ва ибратомез дорем, пас моро мебояд, аз ин фазои тинҷу осоишта, ки умр ба сар мебарем, шукргузор бошем, ба қадри истиқлолият ва ваҳдати комили бадастовардаи Тоҷикистони азиз расида бошем. Хоку оби Ватани азизамонро гиромӣ шуморида, роҳ надиҳем, ки нохалафе фикру ақидаи бадхоҳонаю ифротгароӣ худро рӯи кор орад, нагузорем, ки ҳар гуна ақидаҳои носолим, ташвиқотҳои нодуруст роҳ ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишварамон латма ворид созад.
Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок, чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо пеш аз ҳама, манфиатҳои волои Ватанро аз манофеи дигари равияву ҳизбӣ ва табақавию маҳаллӣ бартару болотар гузорем.
Дар ин росто, мебояд, ки таъкидҳои сарвари давлатамонро пайваста ҷонибдорӣ намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем, то якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин нигоҳ дорем.
Савронбӣ Раҳимова, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методики таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment