Home Без рубрики ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – ИФОДАГАРИ МАРОМУ ОРМОНҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – ИФОДАГАРИ МАРОМУ ОРМОНҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК

by admin
31 views
Иқдомҳои бузурги сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, созандагиву ободкорӣ ва давлату миллатсозӣ, ки дар Паёмҳои ҳамасола дарҷ мегарданд, дар марҳилаи нави таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик сафҳаҳои тоза ва рангин боз намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои баррасишаванда дар Паёмҳои Президентӣ кишвар боиси баланд гардидани нуфузу эътибори байналмилалии кишвари азизамон ва ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ мегарданд. Ин ҳама талошҳои бесобиқаи Президентӣ кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд.
Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як эътимоду боварии беандоза ба мардуми шарифи кишвар расонида шуд, ки ин меҳру муҳаббати халқи тоҷикро ба сарвари давлат дучанд мегардонад.
Қабл аз ҳама роҳбари давлат дар Паёми хеш аз вазъи ноороми саёра ва таъсироти манфии он ба рушди бонизоми иқтисодиёти кишварҳо сухан ронда, доир ба амалисозии ҳадафҳои миллӣ, қабл аз ҳама амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум изҳори нигаронӣ кард. Дар давоми 5 соли охир дар асоси маълумоти омории дар Паём дарҷгардида аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ 197 миллиард сомонӣ барои ободонии кишвар масраф гардидааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар тули таърихи кишварамон ба ҳисоб меравад. Иншоотҳои муҳим, аз ҷумла дар сесолаи охир 1500 иншооти соҳаи маориф, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш 175 иншооти фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуда, ки барои мардуми тоҷик бениҳоят муҳим мебошанд.
Роҳбари давлат ба масъалаи ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ диққати махсус дод. Ин масъаларо ба пуррагӣ шарҳ дода роҳандозии онро дар тамоми сатҳи хоҷагии халқ таъкид намуд. Масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки ба ин масъала диққати махсус дода, низоми хизматрасонӣ ва маърифати шаҳрвнадро дар ин самт баланд бардоранд.
Масъалаи дигаре, ки Президенти кишвар ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд ҷалби соҳибкорон ба фаъолияти пурсамари хоҷагии халқ мебошад.
Саҳми соҳибкорони дохилӣ ва хориҷиро дар пешбурди кишвар арзёбӣ намуда, рақамҳои мушаххасро оид ба корҳои анҷомдодаи онҳо ёдрас намуд. Тавасути соҳибкорон дар тамоми соҳаҳои истеҳсолӣ корҳое анҷом дода шуданд, ки боиси рушду нумуи соҳаҳои гуногуни пешрафти ҷомеа гардидаанд.
Роҳбари давлат ба масъалаи коркарди ашёи хоми кишвар ва содирот нагардидани он низ таваҷҷуҳ намуда, ҳамчунин доир ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ба сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас иро намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи миллати азизамон муносибати воқеӣ ва ояндабинона дорад. Зимни ироаи Паём бо умеди саодату сарбаландии мардуми кишвар дар асоси таҳлилҳои воқеӣ иброз намуданд, ки камбуди барқ дар ҷумҳурӣ то соли 2027 пурра бартараф шуда, истиқлолияти комили энергетикӣ дар мамлакат таъмин мегардад.
Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ва махсусан тайи даҳсолаҳои охир бо кишвари транзитӣ табдил ёфтааст. Аз ҷанубу аз шимол мо ҳамсоягони наздику дури худ дар робитаи доимӣ мебошем. Сохтани роҳҳои байналмилалӣ ки вобаста ба иқтисодиёти кишварамон таъсиргузор аст, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Садҳо километр роҳҳо, дахҳо купрукҳо ва нақбҳо сохта шуда, барои беҳтар гардонидани хизматрасониҳо шароитҳои хуб омода шуда истодааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати сохтан ва бо истифода додани роҳҳо нишондиҳандаҳои беҳтаринро соҳиб гардида дар байни 165 — давлат мавқеи 44 — умро ишғол намудааст.
Соҳаи сайёҳӣ дар кишвари мо яке аз соҳаҳои пешрафта маҳсуб меёбад, зеро дар ин самт барномаҳои амалӣ коркард шуда, корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. Дар асоси оморҳои паёми имсола қайд карда шуд, ки танҳо соли 2024 ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳон омада, аз табиат ва манзараҳои беназири Ватани мо баҳраёб шудаанд. Ба андешаи роҳбари давлат мо ҳанӯз ҳам дар ин самт тамоми имкониятҳои хешро истифода накардаем. Мо метавонем аз ин ҳисоб соҳиби сармоя ва ҷойҳои зиёди корӣ гардем.
Доир ба соҳаи кишоварзӣ маълумот дода роҳбари давлат қайд намуданд, ки ҳаҷми истеҳсолоти соҳа аз 39 мимллиард сомонии соли 2019 ба 73 миллиард сомони дар соли 2024 расонида шуд, яъне дар давоми 5 сол қариб ду маротиба ҳаҷми истеҳсолот боло рафтааст.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар сиёсати роҳбари давлат мавқеи мушҳимро ишғол мекунанд. Ҳамасола ба масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми маоши кормандони соҳа диққати махсус дода, кӯшиш менамояд, ки онро нисбатан ба таваррум дар сатҳи баланд нигоҳ дорад, то шаҳрвандон тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд.
Ба масъалаи бунёди муасссисаҳои томактабӣ дахл намуда, сохтани онҳоро дар тамоми ҷойҳои хурдтарини аҳолинишин таъкид намуд. Ин шаҳодати он аст, ки роҳбари давлат ба масъалаи тарбияи шаҳрвандон аз синни хурд мароқ зоҳир намуда, барои камолоти маънавии шаҳрвандон аҳамияти махсус медиҳад.
Шумораи муассиссаҳои талими ба 4037 расидааст, ки дар он 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил машғул мебошанд. Теъдоди мактабҳои олӣ, коллеҷу дигар муассисаҳои талимӣ сол аз сол зиёд шуда, дар онҳо ҳазорон нафар ба таълиму касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар асоси оморҳои иброзшуда дар хориҷи кишвар 42 ҳазору 400 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо донишҳо ва касбҳои навро фаро гирфта, барои пешбурди онҳо дар кишвар заминагузорӣ мекунанд.
Дар масъалаи омӯзиши забонҳо ва истифодаи босамари технологияҳои рақами роҳбари давлат чунин нуктаи муҳимро арзёбӣ намудаанд. “Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забони хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд”.
Масъали рушди зеҳнияти инсонӣ ҳамчун сармояи миллӣ зери назари Роҳбари давлат қарор дорад. Он бояд дар сатҳе қарор дошта бошад, ки барои рушди бомароми ҷомеа басанда бошад. Дар ин замина дар ҷумҳурӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҷалби ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон кишвари азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва дигар чорабиниҳо далели он аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии оқилонаи Президенти кишвар бо масъалаи рушди малакаҳои зеҳнии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса дорад.
Президенти кишвар масъалаи таълими калон солонро яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи давлат арзёбӣ намуд. Таълми калонсолон, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо, ба ҷойи кор таъмин намудани онҳоро роҳбари давлат вазифаи асосии масъулони соҳа арзёбӣ намуд. Дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои таълимии калонсолон дар ҳоли афзоиш аст ва ин маънои онро дорад, ки таълим дар ҳама синну сол ба манфиати ҷамъият мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои қаблӣ ба ҷавонони бонангу номус ва ободкору бунёдсози кишвар баҳои баланд дода, ояндаи ҷомеаро ба онҳо марбут донист. Таъкид доштанд, ки “Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неъруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста мебошад”.
Президенти кишвар ба масъалаи нақши занон дар кишвар дахл намуд, оид ба мавқеи зан ва арҷгузории он дар ҷумҳурӣ суханҳои сазовор гуфт. Таъкид намуд, ки занон дар ҷомеа нақши калидӣ доранд ва аксар кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг занон мебошанд. Дар маҷмуъ занон дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузошта барои рушд ва нумуи он баробари мардон қадам бардошта истодаанд. Ин ҳама дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбати занон гувоҳӣ медиҳад, ки оянда онҳо дар рушди кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд.
Президенти кишвар боварию эътимоди хешро ба тамоми мардуми кишвар чун каломи меҳру садоқат ба халқу диёр баён дошта, шаҳрвандонро барои амалӣ намудани нақшаву барномаҳои миллӣ ҷиҳати рушду пешрафт ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон даъват намуд.
Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
Ашӯрова Саодат, ҷонишини декани факултети физика ва математика оид ба тарбия

Related Articles

Leave a Comment