Home ХАБАР НАТИҶАГИРИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

НАТИҶАГИРИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
15 views
31 январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти раёсати ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид, ки зимни он корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати кормандони муассиса дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа аъзоёни Шурои олимон, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандони илмию омӯзгории Донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ҷаласаро оғоз намуда, дар мавриди самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ ибрози назар намуд.
Аз рӯйи масъалаи “Натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025” муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон маълумоти муфассалро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки ҳайати устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2024 аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд. Аз 465 нафар ҳайати омӯзгорон 451 нафарашон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд, ки ин шумора ба 95,1%-и теъдоди омӯзгорони донишгоҳ баробар аст ва нисбат ба 3 сол пеш 16,2 % зиёд мебошад. Дар соли 2024 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Инчунин, санаи ҳимояи 6 нафар унвонҷӯён маълум гардидааст, ки аз инҳо 1 нафарашон рисолаи докторӣ мебошад ва 34 нафар унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои худро таҳия намуда, барои пешниҳод ба Шуроҳои диссертатсионӣ омодагӣ мегиранд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону номзадони донишгоҳ 84 тақриз ба рисолаву авторефератҳои муҳаққиқон навиштаанд, ки нисбат ба соли гузашта 38 адад зиёд мебошад. Ҳамчунин дар донишгоҳ соли 2024 8 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони донишгоҳ мавриди иҷро қарор дошт.
Дар ин сол олимону омӯзгорони донишгоҳ 1 китоби дарсӣ (бо тавсияи мушовараи Вазорати маориф ва илм), 24 монография, 40 дастур ва васоити таълимӣ ва 243 мақола дар маҷаллаҳои КОА ва 694 мақола дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, донишгоҳӣ ва дигар нашрияҳо чоп намудаанд, ки нашри мақолаҳо дар муқоиса ба соли гузашта 9% зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ устоди факултети физика ва математика, дотсент-Ғафоров Сатор, ба гирифтани НАХУСТПАТЕНТ (№TJ 1552, 8.11.2024) бо ихтироъ “Барои чен кардани параметрҳои электрофизикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ дар ҳарорати миёна” дар соҳаи физика шарафёб гардид.
Зикр гардид, ки дастовардҳои устодону донишҷӯён низ дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва маҳфилу олимпиадаҳо назаррасу қобили ситоишанд. Дар давраи ҳисоботӣ дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм барои иштироки фаъолона миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.
Ҳамзамон дастаи олимпии Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм дар номинатсияи “География”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ”, як ҷой аз номинатсияи “Химия”) ва 1 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро афзуданд.
Дар ин давра заҳмат ва талошҳои коллективи меҳнатии Донишгоҳ дар роҳи омоданамоии донишҷӯён барои иштирок дар озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи нек ба бор оварда, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (1 ҷойи якум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муаррифгари шоистаи Донишгоҳ гардиданд.
Ректори донишгоҳ вобаста ба натиҷаи ҳисоботи дотсент Рафиев Сафархон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ҳайати кормандонро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва ба низом даровардани равандҳои фаъолияту расидан ба дастовардҳо дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуд.
Ҳамзамон, гурӯҳе аз устодони донишгоҳ ҷиҳати фаъолияти назаррас ва ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ қадр шуданд.
Кори ҷаласаи Шуро бо қабули қарорҳои дахлдор анҷом пазируфт.

Related Articles

Leave a Comment