Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки барои дарёфти ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 озмун эълон менамояд.
Озмуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму тенхника, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология ва принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақому мартабаи донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён, инчунин ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию техникӣ барои баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар оянда тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ, нерӯи зеҳнии онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Тибқи талаботи банди 15-и Низомнома, озмун барои дарёфти ҷоизаи «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ҳамасола дар давраҳои зерин баргузор карда мешавад:
— даври якум — муассисавӣ, нимаи якуми моҳи феврал — дар муассисае, ки довталаб дар он ҷо таҳсил мекунад;
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) то 1 март муқаррар карда шудааст.
— даври дуюм — ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) моҳи март дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад;
Тибқи талаботи бандҳои 22.1. ва 22.2.-и Низомнома, озмун аз рӯйи равияҳои зерин гузаронида мешавад:
22.1. Барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура:
— бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (химия, физика, биология, экология, география, астрономия, геология, математика, геометрия);
— бахши фанҳои техникӣ;
— бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
— бахши фанҳои тиббӣ ва фармасевтӣ;
— бахши фанҳои иқтисодӣ;
— бахши фанҳои гуманитарӣ (таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, сотсиология, филология, лингвистика, журналистика, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, психология);
— бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
22.2. Барои унвонҷуён ва докторантон аз рӯи ихтисос PhD:
— бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (химия, физика, биология, экология, география, астрономия, геология, математика, геометрия);
— бахши фанҳои техникӣ;
— бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
— бахши фанҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ;
— бахши фанҳои иқтисодӣ;
— бахши фанҳои гуманитарӣ (таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, сотсиология, филология, лингвистика, журналистика, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, психология);
— бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Тибқи талаботи банди 4 Низомномаи озмуни мазкур донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD)-и (унвонҷуён) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, кормандони илмию омӯзгорӣ (ба истиснои номзад ва доктори илм), ки синни то 30 сола мебошанд, ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро доранд.
Бинобар ин, довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида (Низомномаи озмун) бевосита дар озмуни мазкур иштирок намоянд.
Масъули баргузории озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.
Телефон барои тамос бо Кумитаи тадорукоти озмун 227-32-59
Барои дастрас намудани Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ба пайванди зер ворид шавед: