Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИФОДАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ИФОДАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

by admin
11 views
Таҳлили ҳамаҷонибаи мазмун ва муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат нишон медиҳад, ки маҷмӯи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне ташаббусу барномаҳои мушаххас барои таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар, рушди устувори иқтисодӣ ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа дар маърази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд.
Паём бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба пуррагӣ ифода ва инъикос намуд. Бахши марказии Паёми Пешвои муаззами миллатро баррасии вазъияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва таҳлили дурнамои миёнамуддат ва дарозмуддати он ташкил медиҳад. Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар Паёмҳои солонаи Роҳбари давлат дастуру супоришот ва вазифагузориҳои мушаххас сурат мегирад. Зимни ироаи Паёми навбатии Сарвари кишвар дар робита ба самти иқтисодӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконоти мавҷуда таъкид гардид, ки “мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем”. Бо ин мақсад дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи солҳои охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.
Дар Паёми Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳиммтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба ёфта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди соҳаҳои гуногуни саноатӣ, ташаккули иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисодиёт, ташаккули маърифати молиявӣ, баландбардории фарҳанги андозсупорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сарвари давлат ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои афзалиятнок ишора намуда, иброз доштанд, ки такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси маҳзани мукаммали миллии маълумотро бояд ҷоннок намуд.
Ҳамзамон, иброз намуданд, ки рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ метавонад, ҷиҳати рушди иқтисодиёти рақамӣ заминаи мусоид гузорад.
Зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Ин иқдоми наҷиб хушоянду саривақтӣ буда, ҷиҳати такмил ва тайёр намудани мутахассисон дар самти бозорҳои ба технологияҳои рақамӣ асосёфта, кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои пешбурди лоиҳаҳои рақамӣ ва дар маҷмӯъ барои рушди малакаи рақамӣ ба ҳисоб рафта, тайёр намудани мутахассисон дар самти иқтисодиёти рақамӣ омили асосии гузариши муттаасили марҳила ба марҳиларо барои амалисозии дурнамои табодули рақамӣ дар ҷумҳурӣ таъмин месозад.
Гарчанде ки таҷрибаи амалии ҷорӣ намудани истифодаи технологияҳои рақамӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта бошанд ҳам, назария ва методологияи иқтисодиёти рақамӣ айни замон пурра мукаммал нагардида, бахусус сатҳи омодагии мутахассисон беҳбудиро тақозо дорад.
Зимни ироаи Паём Президенти кишвар иброз намуданд, ки дар соли 2024 нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 дарсад ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.
Дар соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз афзоиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ дар панҷ соли охир, 3 дарсад ва музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар, андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил карда, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардонидани он сафарбар намояд. Ҳамзамон бо ин, самаранокӣ ва қобилияти рақобати ҳамаи иқтидорҳоро ба таври назаррас баланд бардошта, ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ идома дода шавад.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки ин аз пешравии мамлакати мо гувоҳӣ медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ самти меҳварии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста чораҷӯйиҳо намуда, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзуъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо паҳлуи дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро талаб менамоянд.
Бинобар ин, мо бевосита ба таҳлили масъалаҳои самти иқтисодӣ — иҷтимоии Паёми Пешвои миллат, дар даврони истиқлол, ки инъикоскунандаи рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар мебошад, таваҷҷуҳ намуда, муҳимияти онро баён намудем.
Мусаллам аст, ки иҷрои барномаҳои инкишофи иқтисодии кишвар бар души мо ҷавонон вогӯзор мегардад. Бо назардошти ин моро зарур аст, ҳамеша дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар пайи иҷрои ин иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлатамон бошем.
Хулоса, аз таҳлил ва баррасии Паёми Президенти кишвар муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муълум гардид, ки соҳаи иқтисодӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ мақоми калидиро дар низоми сиёсии кишвар ташкил медиҳад. Дар шароити муосир иқтидори иқтисодии давлат муайянкунандаи мавқеи давлат дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат дар ин самт зарурӣ, саривақтӣ ва ифодакунандаи дурнамои рушди мамлакат мебошад.
Расулзода Лутфия-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment