Home ХАБАР ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

by admin
18 views
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҷамъияти инсонӣ ҳамон вақт пеш меравад ва тараққӣ мекунад, ки агар дар ҳамаи соҳот аз ҷумла соҳаи маориф мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат тарбия ва ба камол расонида шавад. Ин гурӯҳи мутахассисонро омӯзгор тарбия ва ба камол мерасонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар давлатҳое, ки ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд иқтисодиёти ин давлатҳо рӯ ба рушд мебошад. Воқеияти дарки ин масъаларо ба инобат гирифта аз рӯзҳои нахустини роҳбарии худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки муҳими ҷомеа ҳисобида барои рушду нумуи он пайваста кушишу ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, барои таъмини шоистаи зиндагии омӯзгорон давра ба давра маоши вазифавии онҳоро зиёд намуда истодаанд, ки дар навбати худ мо омӯзгоронро месазад, ки тамоми чораҳоро андешида, мутахассисони баландихтисоси рақобатпазири бозори меҳнатро омода ва ба камол расонем.
Зикр намудан ба марид аст, ки дар баробари норасоии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, норасоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба назар мерасид. Хонандагон дар шаҳру деҳот дар хонаҳои истиқоматӣ ва вагонҳо таҳсил менамуданд ва бо азобу машаққатҳои зиёд соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мегардиданд. Дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» мушкилоти муассисаҳои таълимие, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо фаъолият менамуданд пурра бартараф карда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа соҳаи маориф низ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Вобаста ба ин ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андишида, дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро ба нақша гиранд. Ҳамзамон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои дар ҳар як маҳаллаи аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман барои сохтани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо мақсади рушди инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст. Ҳамзамон, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар Паёми навбатӣ қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3670 муассисаи нави таълимӣ, 262 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Дар муқоиса гирем соли 1991 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошт. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия фаъолият доранд, ки дар онҳо 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ рушд намуда, теъдоди онҳо аз 13 ба 48 адад расонида шуд, ки айни замон дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ айни замон дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо 12000 хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият намуда истодаанд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Айни ҳол 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Иброз гардид, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбомӯзии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадор карда шудаанд, ки доир ба ин масъалаҳо тадбирҳои муосир андешанд.
Муваффақиятҳои дар самти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери кумаку дастгириҳои Пешвои миллат мо ба даст овардаем боиси таҳсин мебошад ва бе муболиға метавон гуфт, ки ин мувафақиятро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овардан аз имкон берун буд.
Ҳамзамон дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад. Вобаста ба ин вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор намудаанд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 — 2030» — ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ талабот ба мутахассисони сатҳи баланди донандаи забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ рӯз ба рӯз меафзояд вобаста ба ин зарур дониста шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва таҳкими маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд.
Пешвои миллат хело дуруст қайд намудаанд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад ва аз як кишвар ёдовар шудаанд, ки чандон кишвари бузург набуда, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ хело пеш рафтааст. Ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошад 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад ва саҳми хонандагони мактабҳои миёнаи ин давлат дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлатро Пешвои миллат дар эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия маънидод намуда, иброз доштанд, ки то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйнашаванда боқӣ хоҳад монд.
Нақши озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд дар баландбардории сатҳи дониши хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ниҳоят бузург мебошад. Ин озмунҳо ба хонандагону донишҷӯён имконият медиҳад, ки онҳо дар ин озмунҳо иштирок намуда, ба ин васила сатҳи дониши худро баланд гардонанд ва аз ҷониби дигар соҳиби туҳфаҳои пурарзиш гарданд.
Сол то сол шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва маблағҳо барои ғолибон зиёд гардида истодааст, ки ин то рафт шавқу рағбати иштирокчиёнро нисбати ин озмунҳо зиёд мегардонад.
Гарчанде, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар соҳаи маориф ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё карда шуда бошад ҳам, вале сифати таълиму тарбия ба талабот ҷавобгӯ нест. Пешвои миллат дар баромадҳои худ пайваста иброз медоранд, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки натиҷаҳои муайян дар ин самт ба даст омада бошанд, ҳам вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Вобаста ба ин Пешвои миллат аз устодон ва падару модарон хоҳиш менамоянд, ки ба таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ба касбомӯзӣ ва забономӯзии хонандагону донишҷӯён эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Талаботи имрӯзаи илми ҷумҳурӣ Пешвои миллатро қонеъ нагардонида, вобаста ба шароиту имкониятҳое, ки мо дорем вазъи ихтирооту итироъкорӣ ва иҷроиши мавзуъҳои фармоишӣ қонеъкунанда нестанд. Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, шумораи ихтирооту ихтороъкоронро дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад. Воқеан дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад моро лозим меояд, ки аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, шумораи ихтирооту ихтироъкориро зиёд намуда, аз давлатҳои пешрафтаи сайёра ақиб намонем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нисбати солҳои пеш барои унвонҷӯён шароити хеле мусоид фароҳам оварда шудааст, ки унвонҷӯён барои таҳсил ба ҷумҳуриҳои дигар нарафта дар дохили мамлакат ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ машғул шаванд. Вобаста ба ин ҳар як унвонҷӯро лозим меояд, ки аз шароити мусоид истифода бурда ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ҷиддӣ машғул гардад. Имрӯз барои мо дигар шароити иқтисодӣ баҳона шуда наметавонад.
Ҳамаи ин кӯмаку ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбати соҳаи маориф доштанду доранд, моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисиони рақобатпазири бозори ҷаҳонии меҳнат тамоми чораҳоро андешем.
Ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.
Лоиқов Парвиз — номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment