Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, ба марҳалаи рушд ворид гардида, ба пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо қадами устувор гузошт.
Тоҷикистон, кишвари ҷавон буда зиёда аз 70 фисади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд.
Масъалаи дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошад ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳарӯзаи хеш истифода намоянд.
Роҳбари давлат зимини ироаи Паём таъкид доштанд, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд”.
Барои ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишваро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани дониш ва азхуднамоии илмҳои муосиру фанҳои дақиқ, кор бо техникаву технологияҳои наву ҳозиразамон ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаро касб намоянд.
Дарвоқеъ ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Агар ба саҳифаи 34 солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст. Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Акнун моро мебояд, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.
Ин диёри беназири мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд. Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Ҷавонон ҳамчун неруи умедбахш дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаву ибтикороти онҳо шароити васеъ фароҳам меорад.
Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллиро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст.
Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.
Басо рамзист, ки сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонпаварона буда, ба нерӯи ҷавонони кишвар боварии бузург доранд. Ҳамин умеду боварист, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паём ба ҷавонон хитоб карда баён доштанд, ки “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Ҳасанов Бахтиёр- муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Анварзода Диловар муаллими калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ