Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢ АСОСҲОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

АСОСҲОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

by admin
9 views
Дар шароитҳои замони муосир истифодаи васеи машқҳои ҷисмонӣ ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ не, балки ба баланд бардоштани сатҳи саломатӣ, тандурустӣ, қобилиятҳои ҷисмонии ҳар як инсон ва ҷомеа, инчунин, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст. Дар ҳалли чунин мушкилоти глобалӣ, пеш аз ҳама тарбияи ҷисмонӣ ва воситаҳои гуногуни он нақши муҳим мебозад. Яке аз воситаҳои самарабахш, тарбияи ҷисмонӣ дар таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. 
Фарҳангу маданият ва раванди тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мувофиқи назарияҳои илмии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ, педагогика, психология, биология, анатомия, физиология ва фалсафа татбиқ карда мешавад. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, ҳадафи он ташкили ҷомеаи солим маҳсуб меёбад. Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифодаи самараноки имкониятҳо дар таҳкими саломатии миллат, тарбия ва ташаккули мутаносиби ҷавонон, инчунин, ташвиқу тарғиб ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад. Тамоми фаъолиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҷмӯи чорабиниҳое мебошанд, ки ба шавқу ҳавас, малакаҳои ҷисмонии иҷтимоию равонӣ ва фардии донишҷӯён комилан мувофиқ гардонида шудааст. Масъалаи муҳиме, ки ҳалли таъҷилиро тақозо мекунад, паст будани омодагии ҷисмонӣ ва инкишофи ҷисмонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми воқеии сарборӣ ва фаъолияти ҷисмонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пеш аз ҳама, дар асоси ҳадафҳои муҳими тарбияи шаҳрвандии донишҷӯён сурат гирад ва инкишофи ҳамаҷонибаю мустаҳкам намудани саломатии насли ҷавон, махсусан, донишҷӯёнро таъмин мекунад. Мақсад аз кори муаллим ё мараббии тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, на танҳо зиёд намудани шумораи донишҷӯёне, ки бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, мебошад, балки беҳтар намудани омодагии ҷисмонӣ ва инкишофи ҳаматарафаи донишҷӯён низ мебошад. Фаъолияти касбии омӯзгори имрӯзаи тарбияи ҷисмонӣ ин, пеш аз ҳама, зарурати қабули қарорҳои зуд ва мақсаднокро талаб мекунад.
Барои амалӣ намудани мақсадҳои дар боло зикршуда, ки ба солимӣ ва инкишофи ҷисмонии донишҷӯён нигаронида шудааст, риояи чунин талаботҳои муҳим арёзбӣ мегардад:
-тибқи барномаҳои таълимӣ гузаронидани дарсҳои ҳатмии тарбияи ҷисмонӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи стандартҳои давлатии таҳсилот;
-дар доираи барномаҳои таълимии иловагӣ, амалӣ гардонидани дарсҳои беруназсинфии тарбияи ҷисмонӣ ва махфилҳои варзишӣ;
-муҳайё намудани шароит, аз ҷумла таъмин намудани ашёҳо ва таҷҳизотҳои варзишӣ барои гузаронидани чорабиниҳои маҷмуавӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ ва варзишии хонандагон;
-инкишоф додани малакаҳои ҳаракатию ҷисмонии донишҷӯён бо назардошти қобилиятҳо ва вазъи саломатии онҳо;
-фароҳам овардани шароит барои ҷалби донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва шуғли варзиш;
-ташкил намудани чорабиниҳо ва бозиҳо дар раванди таҳсилот ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ;
-ташаккули муносибати масъулиятнокии оила ва волидайн нисбат ба саломатии донишҷӯён ва рушди маданияту тарбияи ҷисмонии онҳо;
-гузаронидани мониторинги ҳарсолаи омодагии ҷисмонӣ ва инкишофи ҷисмонии донишҷӯён;
-ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавию солимгардонӣ ва варзишӣ бо иштироки донишҷӯён;
-мусоидат намудан ба ташаккул ва оммавигардонии варзиш дар байни хонандагон ва ғайра.
Бо мақсади ҷалби зиёди донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, барои ташаккул ва оммавигардонии варзиш дар муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, ташкил намудани маҳфилҳои варзишӣ, бозиҳои гуногуни варзишӣ дар миёни донишҷӯён, ташкили ҷамъиятҳои иттиҳодии варзишӣ ва клубҳои варзишӣ мусоидат менамояд.
Мазмуни муосири таҳсилот дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба он нигаронида шудааст, ки донишҷӯён бо омодагии кофии ҷисмонӣ ба ҳаёти мустақилона ворид шаванд, инчунин, дар самти тарбияи ҷисмонӣ, беҳдошту саломатӣ ва асосҳои биологии солимии ҷисми инсон маълумоти кофӣ дошта, дорои чунин салоҳият ва маҳорату малакаҳои тахассусӣ бошанд:
-восита ва усулҳои кор ба саломатии худро дошта, онро бараъло донад ва бе тарсу ҳаррос онро истифода бурда тавонад;
-малакаҳои истифодаи воситаҳо ва усулҳои таҳким ва нигоҳдории саломатӣ ва рушд додани сифатҳои фаъолияти системаҳои асосии баданро дошта бошад;
-тарзи бошуурона ташкил ва моҳирона гузарондани машғулиятҳои мустақилонаи ҷисмониро донад ва ғайра.
Дар замони муосир тарбияи ҷисмонӣ барои рушди тафаккури донишҷӯён ба ташаккули тарзи ҳаёти солим нисбати дигар соҳаҳо бештар гардида истодааст. Тарбияи ҷисмонӣ барои омодагии насли ҷавони имрӯзаи Тоҷикистон муҳим буда, дар муқобили хатари афзояндаи нашъамандии маводи мухадир, майзадагӣ ва нашъамандии никотин нақши хело муҳим дорад.
Машғулиятҳои амалии тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба донишҷӯён омодагии ҷисмониро дар онҳо ташаккул дода, барои дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим тарбия ёфтани онҳо кумак карда метавонад. Мақсад, мазмун ва ҳадафи муосири фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ба мақсадҳои зерин ба роҳ монда шавад:
-тарбияи ҷисмонӣ бояд манфиатҳои ҷамъиятро дар инкишофи ҳаматарафа ва мутаносиби ҷисмонии донишҷӯёнро қонеъ гардонида тавонад;
-тарбияи ҷисмонӣ бояд ҳамчун воситаи ташкил, ташаккул ва татбиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани саломатӣ ва ба қадре омили нигоҳ доштани дарозумрӣ истифода бурда шавад;
-тарбияи ҷисмонӣ бояд ба инкишофи хусусиятҳои фардию мадании рушди бадани донишҷӯён, имкони иштироки фаъолона дар чорабиниҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ ва фарҳангӣ-варзишӣ мусоидат намояд;
-тарбияи ҷисмонӣ бояд инкишофи дониш, малака ва маҳоратро дар ташкил ва гузаронидани шаклҳои мустақилонаи машғулиятҳо бо мақсади истифодаи машқҳои ҷисмонӣ дар рушди мақсадноки сифатҳои ҷисмонӣ, маданияти ҳаракат, ҳамоҳангии ҳаракатҳо ташаккули дурусти қолаби бадан таъмин намояд;
-маданияту фарҳанг ва тарбияи ҷисмонӣ бояд тафаккур, мантиқ ва хусусиятҳои интиқодии донишҷуёнро инкишоф дода, муоширати байни одамон, эҳтироми худ ва дигаронро тарбия намояд, барои фароҳам овардани имкониятҳо худшиносиро рушд диҳад.
Дар асоси ин хулоса баровардан мумкин аст, ки нақши тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули шахсият, шавқу завқ ва қобилияти эҷодии хонандагон ҷиҳати беҳтар намудани сифатҳои ҷисмонӣ, психофизиологӣ ва ҳамоҳангсозии ҳаракати бадани донишҷӯён, ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатӣ ва пешгирии бемориҳои гуногун хеле муҳим аст.
Тарбияи ҷисмонӣ ин воситаи рушди ҷисмонӣ ва маънавию аҳлоқии инсон буда, тарзи ҳаёт, зиндагӣ ва ташаккули шахсияти комил мебошад. Аз ин рӯ, дар таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ фанни тарбияи ҷисмонӣ бояд дар байни дигар фанҳо яке аз ҷойҳои намоён ва муҳимро ишғол намуда, ба ҳалли масъалаҳои тарбиявӣ ва умумипедагогӣ мусоидат намояд.
Тарбияи ҷисмонӣ дар баробари фанни таълимӣ будан, инчунин, бояд ҳамчун фанни ифодакунандаи ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯён фаҳмида шавад. Барои шаклу усул ва воситаҳои методҳои педагогиро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун раванди тарбияи ҷисмонӣ ва воситаи мустаҳкам намудани саломатии донишҷӯён истифода мешавад, тағйирот додан лозим аст.
Яке аз вазифаҳои асосии муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон инкишоф додани муносибати мусбат ба маданияту тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад. Бисёре аз омӯзгорон ҳангоми ҳалли вазифаҳои инкишоф додани малакаҳои ҳаракатӣ, сифатҳои ҷисмонӣ ва қобилиятҳои ҳамоҳангсозии ҳаракатҳои бадан аксар вақт дар бораи рушди муносибат ва шавқу ҳаваси мусбии донишҷӯён ба машқҳои ҷисмонию варзишӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ нигаронӣ мекунанд, ки дар баъзе ҳолатҳо аз омӯзгорон вобастагӣ дорад. Барои ҳалли ин мушкилот тамоми воситаю усулҳои мавҷуда ва навгониҳои равандҳои технологияҳои педагогӣ ва соҳавиро истифода бурдан лозим аст.
Фаъолнокии донишҷӯён дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки асоси онҳо инҳоянд:
-дуруст гузоштани мақсадҳои дарс вобаста ба мавзуъ;
-фароҳам овардани заминаи муносибати мусбат дар таълими фан;
-сарбории ҳаракатии фаъолияти донишҷӯён дар дарс тибқи усулҳои фаъоли таълим ва ғайра.
Ҳамин тариқ, қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо дарназардошти шарту шароитҳои маҳаллӣ ва талаботи донишҷӯён, шаклҳои дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, воситаҳо, фаъолнокии ҷисмонӣ, намудҳои варзиш, усулҳо ва давомнокии дарсҳо машғулиятҳои тарбияи ҷисмониро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, стандартҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ ва меъёрҳои омодагии ҷисмонии донишҷӯён муайян мекунанд, ба роҳ монда шуда, то қадри имкон шароити хуби варзишӣ муҳайё гардидааст.
Каракулов Алоудин, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment