Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
5 views

Имрӯз (13.12.2024) дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯёни  факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Нақши Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши забон” баргузор гардид.

Дар конференсия сардори маркази рушди касбият ва иноватсия, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Миралӣ, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мутахассиси маркази мазкур Ғаниев Фирӯз, ҳайати омӯзгорони факултет ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.

Кори конфронсро декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад оғоз намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши забони тоҷикӣ нақши муҳим ва муассир доштааст. Пас аз ба даст омадани истиқлолият дар соли 1991, Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зиёде барои таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва маориф андешид. Қадами аввалин ва муҳимтарини ин раванд барқарор намудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлат буд. Дар идома ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина мавзуъҳои баррасишавандаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, донишҷӯи курси якуми факултет Сайҷаъфарзода Озода дар мавзуи “Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият”, донишҷӯи курси якуми факултет Убайдуллоева Фариштамо дар мавзуи “Забон рукни асосии миллат”, донишҷӯи курси дуюм Саидзода Меҳрона дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ пойдории забон аст” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Ҳамзамон сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Давлатов Миралӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолият барои забони тоҷикӣ на танҳо ба маънии хати таърихии сиёсӣ, балки барои рушд ва беҳбудии забон ва фарҳанги тоҷикӣ таъсири амиқ дошт. Забони тоҷикӣ ҳамчун муҳимтарин рамзи истиқлол ва ҳувияти миллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон рушд ва таҳкими худро идома медиҳад.

Дар охир конференсия бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment