Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ДУРРУ ГАВҲАР

ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ДУРРУ ГАВҲАР

by admin
11 views

Аз таълифоти мутафаккирон, бузургону хирадмандон ва адибони забардасти олам маълум мегардад, ки меҳнат ва касбу ҳунар сарчашмаи боигариҳои моддию маънавӣ ва воситаи асосии ҳаёти хушу хуррамона ба ҳисоб рафта, инсониятро мебояд бо дили гарм ва қалби пурмеҳр ба он муносибат намояд. Ҳар як намуди меҳнат, хосатан, ҳунармандӣ, агар аз ҷиҳати мақсад дуруст ва мувофиқ ба шавқу рағбат ва сидқан дӯст доштани он таҳрезию корбандӣ гардад, бешубҳа, он боис ба обрӯю эътибор ва зиндагии серу пури ҳунарманд мегардад.

Халқи тоҷик аз азал ба ҳунармандӣ машғул буда, маданияти баланд ва таърихи қадима дорад.  Хирадмандон ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат  ситоиши касбу ҳунар карданд ва онро беҳтарин ганҷи инсон, муҷиби зафармандиву сарфарозиҳои ӯ донистаанд. Дар хазинаи илму фарҳанги мардуми тоҷик чунин панду андарзҳо: Ҳунар аз кони зар беҳ; Аз зари падар ҳунар беҳ;  Ҳунар чу мушк бувад, мушк кай ниҳон гардад; Ҳунарманд ба умре сурхрӯю сарбаланд аст ва монанд ба онҳо то имрӯз маҳфуз аст, ки ҳар як фардро ба омӯхтани касбу ҳунар ва пешае роҳнамуд сохта, ба меҳнати ҳалол ва рӯзгори хуше, ки тавассути ранҷу заҳмати зиёд ба кас муяссар мегардад, ҳидоят менамояд.

Халқи тоҷик ҳанӯз аз дуриҳои дур ва тадриҷан ба гузашти асрҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва қобилияту истеъдоди азалӣ аз бисёр касбу ҳунарҳо (кулолгарӣ, шишасозӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, зардӯзӣ кафшдӯзӣ, хаттотӣ, бинокорӣ, сабадбофӣ, намадрезӣ, собунпазӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, дегрезӣ, қоғазбарорӣ, дуредгарӣ, наққошӣ, рассомӣ, гулобкашӣ, хаймадӯзӣ  ва амсол ба инҳо воқиф буданд ва имрӯзҳо ин шуғлу касбҳоро ворисони онҳо идомадеҳи ҳунарҳои волояшон давом дода истодаанд ва, албатта, тибқи таҳлил, тарҳрезию коркарди нав ва тавассути техника ва технологияи навини даврони муосир.

Бо мурури замон ин намуди ҳунарҳо тадриҷан то ба замони мо омада расиданд.  Тоҷикон дар баробари дигар халқияту миллатҳо чун аз ҳаёти обшинагӣ ҷудо шуданд, тадриҷан ба касбу коре ва ё шуғле варзиданд, то рӯзгори худ ва оилаашонро пеш баранд. Аз ин лиҳоз, рӯ ба меҳнат кардану ҳунаре омӯхтан овардаанд. Ҳанӯз дар асрҳои III-II пеш аз милод дар Осиёи Миёна оҳангарон, заргарон, мисгарон, кулолгарон, чармгарон, хаймадӯзон, шонатарошон, бофандаҳо, сабадбофон, сангтарошон, заршуён, ошпазҳо, қассобон, майфурӯшон ва монанди онҳо буданд.

Ҳунар дар ягон давру замон қадру қимати худро гум намекунад. Агар ба таърихи омода кардани матоъ тавассути меҳнати дастӣ назар андозем, маълум мегардад, ки инсон аз рӯзҳои аввали аз ҳаёти ваҳшигӣ ҷудо гардидан либосҳои одитарини аз пӯсти ҳайвонот тайёр намудаашонро мепӯшиданд. Ҳайвонотро шикор намуда, аз пӯсти онҳо либос медӯхтанд. Бо мурури замон инсон аз растаниҳои гуногун (пахта, абрешим, зағирпоя) матоъро ба вуҷуд овард.

Олами касбу ҳунарҳои мардумӣ дунёи беохиру паҳноварро мемонанд. Дар он ҳаёти хуррам асту обрӯ ва шуҳрати бепоён. Каси боақлу ҳуш ва тарбиядидаву ояндабин дар зиндагии хеш касбу ҳунар ва ё пешаеро сидқан дӯст медораду дар оянда онро аз худ намуда, содиқона ва софдилона меҳнат менамояд, дар байни мардум ва, умуман, дар ҷомеа сазовори обрӯи баланд мегардад. Вазъи кунунии ҷаҳони муосири тағийрёбанда  ва пур аз зиддиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ҳар як шаҳрванд, хосатан, наврасону ҷавононро водор месозад, ки дар баробари андӯхтани илму ҳунар бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва кӯшиш бар он намоянд, ки масъулиятшинос, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ ба воя расанд.

Ҳунар ва ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ҳанӯз аз давраҳои хеле дури гузашта диққати донишмандону мутафаккирон, хосатан, аҳли илму адаб ва шеъру шоириро ба худ ҷалб намуда буд. Ин буд, ки бузургони гузаштаамон марбут ба масъалаи мазкур панду андарз ва ақидаҳои ҷолибу манфиатнокро барои ҳамзамонон  ва, махсусан, баҳри насли наврасу ҷавонон ва, умуман, аҳли инсоният арзонӣ доштанд. Ҳунар ва ҳунармандӣ, аз як тараф, боиси рӯзгузаронӣ ва зиндагии осоиштаи оилавии ҳунарманд мусоидат намояд, аз тарафи дигар, аз маҳсули дасти ӯ аҳли башар истифода намуда, камбудии рӯзгорашро таъмин ва сатҳи зиндагиашро аз ҳар ҷиҳат қаноатбахш мегардонад. Маҳсули дасти ҳар як ҳунарманд боис мегардад ба пешравӣ ва рушду тараққии ҷомеа, зеро ҷомеаро бе ҳунару ҳунарманд тасаввур кардан номумкин аст. Маҳз ҳунармандон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа барои рушду нумуи он ҳиссаи худро мегузоранд ва тавассути рассомию кулолгарӣ, бофандигию дӯзандагӣ, заргарию  косибӣ ва амсоли инҳо шуҳрати ватану миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда метавонанд. Умуман, масъалаи омӯхтану касб кардани ҳунару ҳунармандӣ аз як тараф яке аз роҳҳои ба меҳнати ҳалолу манфиатбахш раҳнамун сохтани насли наврасу ҷавонон бошад ба шуҳрат ёфтану зиндагии хушу хуррами онҳо боис гардад, аз тарафи дигар, баҳри ба воя расидани ҷойгузини сазовори наслҳои калонсоли ватани маҳбубамон гардида, дар ҷомеаи ҷаҳони кунунӣ Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тавассути касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ карда мешавад.

Ҳунар дар ҳама давру замон ҳамқадами ҳунарманд буд. Ҳунари волои ҳунарманд на танҳо обрӯ, балки шуҳрати миллату сарзамини ӯро ба дуриҳои дур бурда, кишварашро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад ва тавассути ҳунару истеъдоди ӯ хориҷ будагон марбут ба миллату ватани ҳунарманд тасаввуроти ҷадид пайдо мекунанд. Шоири достонсарои нотакрори тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ чунин фармуда буд:

Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.
Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,
Равонад ҳаме аз ту ромиш барад.

Ҷаҳонгарди донишманд Саъдии Шерозӣ ҳунарро ба чашмаи зоянда ва давлати поянда ташбеҳ дода, мегӯяд, ки ҳунарманд гар аз давлат дур монад, боке нест, зеро ҳунари вай давлати ӯст, ҳар ҷо ва дар ҳар вазъияте бошад, тавассути ҳунари волояш қадр мебинад, дигарон иззаташро ба ҷо меоранд ва байни мардум соҳибэҳтиром аст. Бад-ин маънӣ овардааст: Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва бар садр нишинад ва луқма чинаду сахтӣ набинад.

Ҳунар шуҳрати ҳунармандро баланд мебардорад ва ҳунарманд ҳар ҷое бошад, ҳамеша сарфароз аст ва ӯ ба касе ниёзманд намегардад, муҳтоҷи дигарон намешавад. Ризқу рӯзии худро аз ҳунари хеш меёбад. Марбут ба ин   Амирхусрави Деҳлавӣ наку гуфтааст:

Ҳунар пояи мард афзун кунад,
Сар аз ҷайби иқбол берун кунад.
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз,
Куҷо бо ҳунар шуд асири ниёз.

Агар устод шогирдро нисбат ба касб ё ҳунаре дарси хуби ҳунаромӯзӣ дода, аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ огаҳ намуда, аз технологияи имрӯза бархурдор намояд, муоширати хубро омӯзонад, дар чорабиниҳои ҳунарӣ иштирок намояд, дар он сурат устод аз уҳдаи тарбияи дуруст баромада, дар ҷодаи тарбияи касбу ҳунаромӯзӣ муваффақ дониста мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парки технологӣ фаъолият дорад ва дар ин ҷиҳат пайваста тадбирандешӣ намуда, ба ҷавонон тарзи омода намудани  нақшу нигор ва аз ҷумла санъати чакандӯзиро меомӯзонад. Дар парки технологии донишгоҳ на танҳо касбу ҳунарҳои занона, инчуни кандакорӣ, чӯбтарошӣ, таъмири мизу курсӣ ва монанди он ба донишҷӯён омӯзонида мешавад.

Мирзоева Бунафша, номзади илмҳои педагогӣ, мутахассиси парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment