Home ХАБАР ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.KOA-002

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.KOA-002

by admin
5 views

Санаи 07.12.2024 тибқи ҷадвали баргузор намудани ҷаласаҳои ҳисоботии Шуроҳои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии Шурои диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҷаласа Вализода Ҳокимхон Сафолиён- мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Бахтиёр- сармутахассиси шуъбаи мазкур, профессор Иззатова Муҳаббат Иноятовна-раиси Шуро ва аъзоёни Шуро иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа котиби Шуро, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбонова Умеда Талабовна ҳисоботи соли 2024-ро дар шакли рӯнамо (презентатсия) ба иштирокчиён пешниҳод намуд.

Қайд намудан зарур аст, ки Шурои диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2021, №348 таъсис дода шуда, оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 — Педагогика ва психология (6D010301-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф), 6D012000- Таҳсилоти касбӣ (6D012001.02-Назария ва методикаи омӯзиш (таҳсилоти касбӣ)), 6D050300 — Психология (6D050307 — Психологияи педагогӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02 — Назария ва методикаи фанҳои табиӣ, таҳсилоти касбӣ), 19.00.00 – Илмҳои психологӣ (19.00.07- психологияи педагогӣ) фаъолият намуда истодааст.

Дар давраи фаъолият дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 9 ҳимояи ошкорои муҳаққиқон баррасӣ карда шудааст.

Related Articles

Leave a Comment