Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Таҳаввулоти илмӣ-техникӣ ва ояндаи инсоният ҳамчун проблемаи фалсафаӣ” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа баргузор шуд, ки дар он олимону донишмандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Махмадулло Орифович дар мавзуи “Ғояи таҳавулотгароии глобалӣ дар фалсафа ва илми муосир”, дотсент Сайдалиев Додарбек дар мавзуи “Нақши СММ дар ҳали масоили муосири муносибатҳои байналмиллаӣ”, доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафа, дотсент Камолов Шодмончон доир ба “Вазъи таълими курси фалсафа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафа, мудири кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ дар мавзуи “Рушди техника ва ояндаи инсоният: мушкилот ва дурнамо”, муаллимони калони кафедра Шокирзода Аёз доир ба “Мавқеи фалсафа дар рушди ҷомеа” ва Раҷабов Аминҷон дар робита ба “Фаҳмиши идеяи таҳавулотгароии глобалӣ дар фалсафа” ва дигар олимону донишмандон ибрози назар карданд.
Кори ҳамоиш дар сатҳи хеле олӣ ҷараён гирифта, иштирокдорони роҷеъ ба мавзуъҳои зикргашта табодули назар карданд.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2005 бад-ин сӯ бо Қарори ЮНЕСКО ҳар сол панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи фалсафа таҷлил мегардад.