Барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси ифтихор ва сарафрозист, ки Файзуллоева Фирӯза Мадохировна-дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола бахшида ба эълон гардидани соли 2023 «Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ» таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони русӣ» иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи 2-юм сазовор гардида, бо Ифтихорномаи дараҷаи II ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ шарафёб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни беҳтарин мақола аз 01.03.2023 то 01.03.2024 бо ташаббуси нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ки дар озмун намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, устодони донишгоҳҳо, мутахассисон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ва ҳамчунин сокинони оддии кишвар ширкат доштанд.
Тибқи маълумоти масъулини баргузории озмун дар ин муддат, дар саҳифаҳои «Народная газета», дар маҷмӯъ, беш аз 100 маводи публисистии жанрҳои гуногун рӯйи чоп омада, 35-тои он ҷиҳати иштирок ба озмун пешниҳод шудаанд.
Ҳамчунин ҳайати таҳририяи озмун маҷмӯаи маводи журналистиро бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони русӣ» ба нашр расонидаанд.
Раёсат ва ҳайати устодону омӯзгорони Донишгоҳ ин дастовардро ба муаллим табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар пешбурди фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои беназзир таманно менамоянд.