Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БО ТАШАББУСИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БО ТАШАББУСИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

by admin
84 views

Санаи 04.03.24 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ-бадеӣ бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Модар — сарчашмаи ҳаёт» бахшида ба 8 март Рӯзи Модарон бо ҷалби хонандагони синфҳои 5 ва 7-уми муассиса баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, методистони соҳаи ихтисос муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Қаюмва Мубина директори муассисаи таълимии мазкур Юсупова Нилуфар ва дигар таҷрибаомӯзону хонандагони муассиса иштирок доштанд.

Чорабиниро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 Юсупова Нилуфар оғоз намуда, меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, иштирокчиёнро бо барномаи чорабинӣ шинос намуд. Ҳамзамон аҳли нишастро бо фарорарисии иди модарон табрику таҳният гуфта, қайд доштанд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон буда меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ, ки сафобахши рӯзгор ва фонуси ҳаёти инсоният ба шумор меравад, насиби ҳар кас ҳам шуда наметавонад ва хушбахттарин фарзандон аз навозишҳои ӯ бархӯрдоранд. Лаззати канори гарми модарро, ки дабистони кӯдакии инсон аст, баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гармаш қиммати ӯро хубтар дарк менамоем, зеро барои фарзанд ба мисли канори модар макони биҳиштосои дигаре нест.

Сипас, дар рафти чорабинӣ аз тарафи хонандагон маърӯзаҳо, шеъру тарона, суруд ва саҳначаи тарбиявӣ пешниҳод гардид, ки бевосита хонандагон дар иҷрои онҳо фаъол буданд ва маҳорати баландро нишон доданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира баромад намуда, аз сатҳи донишандӯзии хонандагонро хуб арзёбӣ намуда, ба кори таҷрибаомӯзони факултет ҷиҳати ташкил ва баргузории чорабинӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Related Articles

Leave a Comment