Миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.
Тавре ки аз таърих маълум аст, инсоният аз аввали пайдоиши ҳаёт дар табақаҳои иҷтимоии гуногун вобаста ба мавқеи ҷамъиятии худ, ба масъалаи пӯшидани либос диққати махсус медоданд. Агар ба ибтидои ташаккули инсоният оид ба интихобу пӯшидани либос назар афканем, воқиф мегардем, ки инсон барои пӯшидани тан аз барги дарахтон, пӯсти ҳайвонҳо истифода карда бошанд ҳам, минбаъд вобаста ба тараққиёти шуури ҷамъиятӣ истифодаи ин фарҳангро ба шаклҳои гуногун густариш додаанд.
Фарҳанги либоспӯшӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, маданияти ҷудогонаеро барои ҳар як миллат муайян ва муқаррар намуд.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб намуда, онро ба расмият даровардааст.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мурури замон танзим ва риояи либосҳои миллӣ ба расмият дароварда шудаанд. Вале, ба назар мерасад, ки на ҳама қишри ҷомеа талаботи муқаррароти мазкурро риоя менамоянд.
Мутаассифона, имрӯз ба қишре аз ҷомеаи кишвар, алалхусус-ҷавонон, тамошои кинофилмҳои туркӣ, суруд ва мусиқиҳои тақлидкунандаи фарҳанги бегона таъсири манфӣ расонидааст. Махсусан, қишри наврасу ҷавон дар донишгоҳ ва донишкадаҳо пӯшидани ҷӯробҳои кӯтоҳ ҳам дар байни ҷавондухтарон ва ҳам байни ҷавонписарон, пойафзолҳои варзишӣ (красовка), ниқобҳои сиёҳ, сатру ҳиҷоб барин либосҳоеро ба бар менамоянд, ки ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба эстетикаи пӯшидани онҳо, ки ба талаботи либоси ягонаи донишҷӯйӣ ҷавобгӯ нестанд, аз фарҳанги паст доштан ва тақлид ба бегонапарастӣ дарак медиҳад.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ лозим меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани сару либос ва риояи меъёри муқараргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷидди дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем.
Дар айни ҳол мардуми мо, хусусан занон ба сару либосҳои эронӣ, туркӣ ва дигар миллатҳо тақлид мекунанд, ки боиси паст гардидани пешравии фарҳанги либосҳои миллии мо мегардад. Бо истифода аз фарҳанги пӯшиши либосҳои эронӣ аксари онҳо бар он ақидаанд, ки гӯё дар тақводорӣ, диндорӣ худро мустаҳкам нишон медиҳанд, ки ин, албатта, хатои маҳз аст. Бехабар аз он ки бо ин амалашон эҳтиром ва қадру қиммати маданияти либоспӯшии модарони тоҷикро зери по мекунанд ва тадриҷан ин амал ба косташавии фарҳанги волои либоспӯшии миллати тоҷик таъсиррасон мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки яке аз ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик ин либоси миллӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд, ки онҳо бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд.
Вақте ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳимми фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз бояд кард, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳимми худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавонон, аз ҷумла духтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зиннат дода, маданияти миллии худро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ намоянд.
Хушбахтона, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо талошҳои пайвастаи он кас дар баробари расму оинҳои миллӣ ба масъалаи либос низ аҳамияти махсус дода шуд. Яке аз чунин либосҳо, ки бо он дар ҷаҳон халқи тоҷикро шинохтанд, чакани тоҷикӣ мебошад.
Моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Гулдузиҳое, ки дар рӯйи нақши он оварда шудаанд, ифодагари мазмуну моҳияти ба худ хос мебошад.
Либоси миллии дигар, ки атласу адрас аст, имрӯзҳо дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ бонувони тоҷик онро ба бар менамоянд, ки ҳамчун нишони ҳуввияти волои миллати тоҷик мебошад.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди тоҷик дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад.
Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархурдор бошем.
Ҳамин тариқ, моро зарур аст, ки ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаи худро ҳамеша нигаҳбон бошему занону бонувону ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоему аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем.
Дар интиҳои матлаб қайд кардан бамаврид аст, ки мо бояд ҳамеша бо дӯст доштану арҷ гузоштани либоси миллӣ, муаррифгари миллати фарҳангсолору тамаддунофари худ бошем.
Мубина Қаюмова, раиси шурои занони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ