Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

by admin
78 views

Санаи 23.12.2023 бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳои факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзуи “МЕТОДҲОИ ЗАМОНАВИИ ТАЪЛИМ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ШАРОИТИ НИЗОМИ КРИДИТӢ” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиятшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо, номзади илмҳои педагогӣ Парвинаи Усмон, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо ва аъзоёни кафедраҳои мазкур иштирок намуданд.

Декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самардинова Зайнаб зимни ироаи сухани ифтитоҳии конфронс иброз доштанд, ки дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Зимнан, дар ҷараёни кори конфронс маърӯзачиён мавзуъҳои мубрами соҳаро аз ҷумла “Саҳми олимони АМИТ дар кашф намудани “Кометаҳо”, “Татбиқи металлҳои вазнин дар таркиби гиёҳи ширинбия”, “Татбиқи таърихи санъат дар таълими технологияи метериалҳо”, “Методикаи гузаронидани кори мустақилонаи хонандагон доир ба ҳалли масъалаҳои физикӣ” ва  амсоли онро мавриди баррасиву муҳокима қарор доданд.

Баромадкунандагон дар вақти  муҳокима ва баррасии мавзуъҳо иброз доштанд, ки мо-аҳли маорифи кишварро лозим аст, то ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар дар робита ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи муассир гузошта бошем.

Кори конфронс бо пешниҳоди андешаву хулосаҳои иштирокчиён дар робита ба мавзуъҳо ва масъалаҳои зикршуда ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment