Home Без рубрики МУСОБИҚАИ ШАШКА ВА ШОҲМОТ МИЁНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ

МУСОБИҚАИ ШАШКА ВА ШОҲМОТ МИЁНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ

by admin
345 views

Санаи 16-уми май дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар бораи гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар таҷлилу пешвози рӯзҳои ҷашнӣ, мусобиқаи намуди «Шоҳмот» ва «Шашка» бахшида ба Рӯзи ҷавонон байни донишҷӯдухтарони хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқа муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, мутахассиси раёсати тарбия Ҳасанов Бахтиёр, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Разоқов Наврӯз иштирок доштанд.

Дар мусобиқа аз рӯйи бозии «Шоҳмот» 5 нафар ва аз намуди «Шашка» бошад 18 нафар бозингар мусобиқа оростанд.

Бояд гуфт, ки аз ҳарду навъи бозӣ ғолибон аз ҷониби доварон муайян гашта, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.

Related Articles

Leave a Comment