Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАДОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАДОН”

by admin
180 views
Дар арсаи байналмилалӣ ҳар як халқу миллатро аз рӯйи фарҳанг ва тамаддуни бузургаш мешиносанду қадр менамоянд. Бисёре аз бузургон дар саҳифаҳои таърих мавқеъ гирифтаанд. Яке аз онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо асари безаволи худ “Шоҳнома” машҳури олам гардидааст.
Аз ин рӯ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили «Шоҳномадон» амал мекунад, ки санаи 29- уми ноябр дар бинои маъмурии донишгоҳ маҳфили навбатии «Шоҳномадон» бо иштироки Зафар Мирзоён ва омӯзгорону донишҷӯёни гуногуни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Асари бузургтарину гиромитарини тоҷикону эрониён «Шоҳнома» — и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чун баҳри бекарони пур аз дурдонаҳои сухани порсӣ, мебошад, ки ин шоҳкори бемарг моро ба саргузашти шаш ҳазор солаамон ошно карда, метавонад тоҷиконро ба худшиносии миллӣ ва худогоҳии таборӣ расонад, қайд карданд устод Зафар Мирзоён.
Баяд қайд кард, ки маҳфилӣ «Шоҳномадон» яке аз беҳтарин маҳфилҳо дар донишгоҳ буда, бо роҳбарии мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён моҳе ду мартиба баргузор мегардад.

Related Articles

Leave a Comment