Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
191 views
Дар таърихи 18-уми ноябр дар Маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донигоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Миллат ва ташаккули идеяи миллӣ” баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Каримзода Исроил, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуданд.
Сипас, Бобоев Худобахш, донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Миллат ва ташаккули идеяи милӣ”, Ғаффори Мурод, донишҷӯи курси 3-юми факултети мазкур дар мавзуи “Шуури таърихӣ ҳамчун шарҳи илмӣ” Ғуломов Алишер, донишҷӯи курси 3- юми факултет дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо тероризм ва кафолати амнияти миллӣ” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment