Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
180 views
Барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ амал мекунанд.
Яке аз онҳо ин маҳфили доимамалкунандаи “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб меравад. Маҳфил моҳе як маротиба бо шунидани ду маърӯза баргузор мегардад.
Аз ин рӯ санаи имрӯз дар назди кафедраи журналистика маҳфили навбатии он доир гардид. Дар маҳфил Алишери Абдулмаҷид-мудири кафедраи журналистика, Муродов Ҷамил-ҷонишини декан оид ба тарбияи факулта, Муслимов Исмоил-роҳбари маҳфил ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд. Сипас, Латифзода Фархунда-донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Саҳми рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар таъмини иттилоот” баромад намуда, зимни баромадашон қайд намуданд, ки “Айни замон дар минтақаи Кӯлоб 16-рӯзнома чоп мешавад, ки аз инҳо яктоаш хусусӣ, 3-рӯзномаи соҳавӣ ва 12-рӯзномаи дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомотҳои маҳаллии ноҳияҳо ба табъ мерасанд. Алҳол фазои иттилоотии минтақаро ду телевизиони минтақавӣ, як радио ва даҳҳо рӯзномаҳои тахассусиву соҳавӣ бо маводҳои ҷолиби диққат пур менамоянд.”
Ҳамчунин, дар маҳфил Раҷабгули Ҷаббор-донишҷӯи соли чоруми ихтисоси рӯзноманигории факулта дар мавзуи “Истифодаи мантиқии навор ва аксу сурат дар телевизион” маърӯза намуда, зимни баромади хеш қайд карданд, ки “Мутобиқат кардани навор бо матн ва сухани журналист дар барномаҳои телевизион ниҳоят зарур аст. Кадр ё навор исботи сухани журналист буда, боварии бинандаро ба мавзуи матраҳшаванда зиёд менамояд. Агар матни журналист дар бораи кӯҳҳо навишта шуда бошад, намоиш додани дашту биёбон маънӣ надорад. Аммо мутаасифона имрӯз дар баъзе барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ баъзан ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки қисмате аз матни сужетҳо бо навори онҳо мутобиқат намекунанд ва ё барои пӯшонидани овози боқимонда аз кадрҳои нолозим истифода мебаранд.”
Баъди ироаи маърӯзаҳо ба маърузакунандагон суолҳо дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд. Инчунин омӯзгорон Алишери Абдулмаҷид ва Муродов Ҷамил доири маърӯзаҳои ироагардида баёни андеша намуданд.
Бояд зикр кард, ки маърӯзаҳое, ки дар маҳфили номбурда ироа мегарданд, муҳим ва саривақтӣ буда, донишҷӯёнро ба фикр кардан ва ислоҳи камбудиҳое, ки дар фаъолияти рӯзноманигориашон ба вуқуъ меоянд, водор месозад.

Related Articles

Leave a Comment