Home ХАБАР БАРРАСИИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ»

БАРРАСИИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ»

by admin
219 views
Таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонуниашон ё ҳуқуқу озодӣ ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.
Ин матлаб 17-уми ноябр зимни семинар — машварат, дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ, ки бо ташаббуси Назаров Бахтиёр, ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо иштироки садоратҳои факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид, баён шуд
.
Назаров Бахтиёрр, ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 23 июни соли 2016 қабул шуда, аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад ва тибқи он, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.
Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рӯёнида мешавад.

Related Articles

Leave a Comment