Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
133 views
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Аз ин хотир имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзуи “Нақши иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, директори Телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 30- юми солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд: “Иҷлосияи 16 -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд”.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Зикр доштанд ноиби ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин.
Сипас, Сафаралӣ Бозорзода, директори Телевизиони Кӯлоб дар мавзуи “Хотираҳо аз Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат”, Азимов Раҷабалӣ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсоз ва хизматҳои таърихии ӯ барои миллат”, Эмомов Шоҳрух, донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” баромад намуданд.
Дар охир миёни нишастагон ва баромадкунандагон оиди мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб доир гардид.

Related Articles

Leave a Comment