Home ХАБАР КУРСИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН

КУРСИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН

by admin
278 views
Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур шуморида, ҷиҳати аз худ кардани онҳо пайваста дастуру ҳидоятҳои раҳнамосоз медиҳанд.
Бо дастури ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва ҳамзамон бо мақсади татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30- юми августи соли 2019, №438” дар факултети филологияи хориҷӣ донишгоҳ машғулиятҳои омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Машғулиятҳо ҳафтае ду маротиба дар ду баст ва тариқи ройгон бо ҷалби кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки машғулиятҳо аз ҷониби Шарипов Хуршед, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ ва Гулямов Ҳайдар, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ гузаронида мешавад.
Ҳамзамон дар назар аст, ки ин машғулиятҳо ҳафтае се маротиба ва бо ҷалби бештари кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ гузаронида шавад.

Related Articles

Leave a Comment