ХАБАР МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ ВОЛЕЙБОЛ by admin 20.10.2022 20.10.2022 209 views Новобаста ба давру замон, шароити таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, варзиш яке аз шуғлҳои асосии одамон ба шумор мерафт ва доимо такмил ва рушд меёфт, зеро «Тани солим-рӯҳи солим» гуфтаанд. Дар воқеъ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама вақт барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки имрӯз бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мусобиқаи “Волейбол” миёни донишҷӯписарони факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар кушодашавии мусобиқа сардори Раёсати тарбияи Холматов Баҳром, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Разоқов Наврӯз, ассистети кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Саидов Парвин ва ҳайати доварикунандаи мусобиқа иштирок доштанд. Нахуст, Холматов Баҳром суханронӣ намуда, мусобиқаро оғоз бахшиданд ва ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбиҳоро таманно намуданд. Бояд зикр намуд, ки мусобиқа аз санаи 18-уми октябр то 22-юми октябри соли равон идома хоҳад ёфт ва ғолибони мусобиқа бо сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи садорати донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles ХУШХАБАР! 02.04.2025 Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 31.03.2025 Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти... 31.03.2025 Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 31.03.2025 Маросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии... 31.03.2025 Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон 31.03.2025 СУРАТГУЗОРИШ 31.03.2025 Мулоқот бо 100 ятими кул ва тақдими туҳфаҳо... 30.03.2025 Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 29.03.2025 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ... 28.03.2025 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.