Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

by admin
206 views
Санаи 5-уми октябр дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфил бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст” баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонов Некрӯз, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Нурматов Шарофуддин, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Саидова Нилуфар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Нахуст, ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонов Некрӯз суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин ҷашн табрик намуданд. Сипас, Зулфиев Гадомад, декани факултет дар мавзуи “Омӯзгор – афрӯзандаи машъали илму дониш”, Қурбонов Некрӯз дар мавзуи “Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа” маърӯзаҳои худро ироа карданд.
Дар фарҷоми маҳфил ба якчанд донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар дар намудҳои гуногуни варзиш сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд, бо ифтихорномаи таъсиснамудаи садорати факултет қадрдонӣ гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment